​Изҳорот: Ҳизби хонасӯз

Пӯшида нест, ки роҳбарони ҲНИ чун аз хориҷи кишвар ва махсусан аз ҷониби “Ихвон-ул-муслимин” дастгирӣ меёфтанд ва дар як муддати кӯтоҳ бо роҳи пур кардани фазо аз афкори авомфиребона дар байни аҳолии камсавод то андозае нуфуз пайдо намуданд. ҲНИ пурра методҳои ихвониро истифода менамуд ва дар аксари маврид аз усули “қадам ба қадам” истифода намуда сар то сари Тоҷикистон гурӯҳҳои худро таъсис дод, ки дар натиҷа чандин ҷавонони бегуноҳ бар доми онҳо афтодаанду раҳгум заданд ва сабабгори ашки фарзандони бегуноҳу модарон гаштанд. Хуб шуд, ки фаъолияти ин ҳизби хонасӯз ҲНИ қатъ гардид. Бо қатъ гардидани фаъолияти ин ҳизб чандин ҷавонон аз раҳгумзаниву қаллобӣ пешгири карда шуданд.

Яке аз равияҳои кӯҳнатарини исломи сиёсӣ, ки соли 1928 аз ҷониби Ҳасан-Ал-банно, олим ва муаллими мактаб дар шаҳри Исмоилияи Миср таъсис ёфт, ҳаракати панисломии “Ихвон-ул-муслимин” ё худ “ҷомеаи бародари исломӣ” ба ҳисоб мерафт.

Ҳадафи ниҳоии “Ихвон-ул-муслимин” ташкили хилофати исломӣ мебошад, ки ба қавли пешвоёнаш Ҳасан-Ал-баннова Саид Қутб бояд аз Испания то Филлипину Индонезия густариш ёбад.

Тибқи принсипҳои “Ихвон-ул-муслимин”, ҳадафи якуми онҳо шариат бояд танзими асосии умури иҷтимоию давлатиро дар дасти худ дошта бошад. Мақсади дуюми онҳо муттаҳид намудани кишварҳои исломӣ ва ба вуҷуд овардани хилофати исломӣ дар саро сари ҷаҳон буд.

Онҳо усули қадам ба қадамро истифода бурда оҳиста-оҳиста мардумро бар доми фиреби худ мекашиданд.

Мо дар кишвари соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣва демократӣ умр ба сар мебарем ва ҳеҷ гоҳ хиёнатро нисбати Ватани азизу маҳбубамон раво намебинем ва нахоҳем дид.

Лаънат ба касе, ки аз Ватан канда шавад

Афтад ба ғарибиву ба кас банда шавад.

Биоишаи Назар–устоди донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ