Сафсатабофӣ ва ҳарфҳои пучи “ислоҳ.нет”
Ҳар гоҳ ки ба фаъолияти ин ё он ва он ё ин афроди худбохта ва хоин ва ватангадо назар андохта мешавад, таҳлил мегардад ва ташхис карда, хулосаи амиқ додан лозим меояд, инсони огоҳ ва ватандӯст дармеёбад ва мефаҳмад, ки ин пастфитратон ҳеч гоҳ рушду такомули маънавиёт ва пойдории сулҳу рифоҳ ва дӯстиву бародарии инсонҳо ва халқияту миллатҳоро намехоҳанд ва чашми дидан надорнад.
Ба дилхоҳ матолиби пойгоҳҳои иттилоотии афроти худбохта ва нигоштаҳояшон тавассути саҳфаҳои фейкиву инфиродӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ назар андохта шавад, ин масъала бармало мегардад. Яке аз пойгоҳҳои ифротӣ ва тафриуаандози хоинони миллат “Ислоҳ.нет” аст, ки ҳамагон аз фитнаву фитрати дастбакорони он комилан огоҳанд. Ин пойгоҳи душмани инсоният бо ақоиди барои рифтоҳ ва осоиштагии инсоният зараровар ҳамеша фаъолият дошта, бар он мекӯшад, то “обро лой ва моҳиро дорад”. Аммо хушбахтона ҳамешаву ҳамеша тири муғризонаи ин афроти ватангадо хок мехӯрад.
Чанде пеш дастбакорони касифи ин сомонаи иттилоотӣ доир ба сафари Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва истиқболи гарми ӯ дар кишвар бо диди танг ва муғризона матолиб навишта, нашр кард. Ин аъмоёни ҷаҳони муосир ҳатто чунон нотавонбинанд, ки наметавонанд пештарфти ду миллат, дӯстии ду ҳамсоя - тоҷикону ӯзбеконро дида бошанд.
Дар воқеъ натиҷаи сафар самараовар ва нишотангез буд. Бастани созишномаҳои барои ду халқият ҳаётан муҳим ва дар ин раванд, сохтани заводи мошин, нерӯгоҳ дар дарёи Зарафшон, сохтани роҳи оҳани Самарқанд ва Панҷакент, намоишгоҳи ҳамешагии тавлидоти Узбекистон ва гардиши ҳаҷми байнидавлатии мол ба 1 миллиард доллар аз ҷониби ҳарду халқият хуш истиқбол карда шуд.
Аммо душманони инсоният, хосатан хоинони миллату ватан аз канор истода, худ аз худ сафсатабофӣ ва пучгӯӣ доранд. Ин дигар табиати онҳост. Дил ки сиёҳ шуд, дигар рӯй ҳам сиёҳ мешаваду амал ҳам табоҳ мегардад. Ин рӯсиёҳони ҳарду олам диагр намедонад, худро ба куҷо зананду чӣ кор кунанд. Дар васвасаи пули хоҷагон ба ҳама корҳои нораво даст мезананд ва тафриқа андохтанро пеша кардаанд.
Ин бешарафтон ҳеч гоҳ ба мақсад аҳдофи нопоки хеш нахоҳанд расид.
Дӯстии ду халқи ҳамсоя – тоҷикону ӯзбекон ва ду кишвар – Тоҷикистону Ӯзбекистон поянаву ҷовидонӣ бод!