ТЭТ ҲНИ –ташкилоти иғвоангез
Имрўз яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Мутаассифона дар тасаввури баъзе шахсиятҳо ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой дорад. Ин гунна шахсиятҳое, ки саводи дурусти дини надоранд ба гурўҳҳои Муҳиддин Кабирӣ барин шахсиятҳо шомил гардида қисми зиёди онҳо ба фиребу найранги онҳо дода шуда, аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум мегарданд. Роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои нопоки худ аз дини ислом моҳирона истифода мебарад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаи марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1992-1997 буд. Ва имрўз хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи намудҳои фаъолияти ТЭТ ҲНИ ба назар гирифта шуда 22- декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии ҶТ фаъолияти ин ҳизб қатъгардонида шуд. Пас аз фаъолияти бисёрсолаи худ ҳизби наҳзати ислом мақсадҳои нопоки худро ошкор намуд, ки ба одамон бедор кардани ҳисси бадбинӣ, кинаву адоват нисбати ҳукумати қонунии Тоҷикистон буд. Ин ҳизб як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони бо нангу номуси миллатро бо ин роҳ аз байн бурданд. Аслан ин ҳизб барои дини ислом бегона аст. Мақсади асосии ин ҳизб дини исломро истифода бурда, фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум мебошад.
Ҷоиз ба қайд аст, ки Ҷумҳурии исломии Афғонистон яке аз шарикони боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бар терроризм ва экстремизм ба шумор меравад. Дар ин самт бисёр корҳои назаррас ба анҷом дода шуда, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расидаанд ва ҳамаи он мавриди баррасию таҳлили тарафҳо қарор гирифта, барномаҳои оид бамуқовимат бар зиддӣ терроризм ва экстремизм мурратиб гардиданд. Бояд мо ҳамҷоя бо Ҷумҳури исломии Афғонистон дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм мубориза барем ва нагузорем, ки ҳеҷ як гурўҳе ё афроде ақидаҳову амалҳои ғаразноки худро дар ҷамъият паҳн карда, мардумро халалдор созад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизму терроризм тадбирҳо андешида кўшишменамояд, ки тамоми чораҳоро барои сулҳу осоиштагӣ дар минтақаандешад.