ТЭТ ҲНИ: заррае нияти пок надорӣ охир!
Шурўъ аз оғози асри ХХI дар ҳаёти инсоният таҳаввулоти ҷиддӣ рух дод. Рушди босуръати илму техника ва технологияҳои иттилоотӣ ба самтҳои мухталифи ҷомеаи муосир торафт таъсири амиқ мегузорад. Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки шумораи истифодабарандагони интернет торафт афзоиш меёбад. Тибқииттилои сомонаи We are Social мувофиқ ба моҳи январи соли 2020 беш аз 4,5 миллиард нафар одамони сайёра ба интернет дастрасӣ доштанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 наздик 7% зиёд гуфта мешавад. Яъне, танҳо давоми як сол 298 миллион корбари нав ба интернет дастрасӣ пайдо намуданд.
Интернет аз ҷониби корбарон бо мақсадҳои гуногун, аз қабили муошират, дарёфти иттилоъ, баланд бардоштани сатҳи дониш, тамошои филм, гӯш намудани мусиқӣ, омӯхтани майлонҳои нави предметҳои гуногун ва ғайра истифода мешавад.
Ҷиҳати муайян намудани аҳамият ва таъсири мусбату манфии истифодаи интернет аз ҷониби коршиносони дохилу хориҷи кишвар як қатор таҳқиқоти судманд анҷом дода шудааст. Тазаккур бояд дод, ки дар шароити кунунӣ 60%-и аҳолии кураи Замин аз интернет фаъолона истифода мебаранд. Аммо нуктаи муҳим ин ҷост, ки на ҳар кас ба иттилои дуруст рӯ ба рӯ мешавад. Мисоли равшан, имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротӣ чун Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон бо истифода аз интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар сомонаву саҳифаҳои инфиродӣ гӯё мардумро ба сӯи худ даъват намуда, тавассути ин шабакаҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ даъват ва ҷалб намуда истодаанд. То ҳол ин гурӯҳҳо бо роҳбарии Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар пайравонашон бо ин амалҳои ношоиста машғул ҳастанду бо бадномкунии Ватани худ ҳастанд.
Аммо суоле инҷост: Онҳо аз куҷо маблағ меёбанд? Чӣ гуна зиндагии хешро пеш мебаранд? Чӣ онҳоро водор кардааст, ки хиёнат ба давлату миллат кунанд? Ин ҳама бо кӯмаку дастгириҳои пайвастаи кишвари ба мо маълум ва хориҷи кишвар мебошад.Инсон метавонад ҳар бурдаи нони худро бо ҳар роҳу усул ҷустуҷӯ намояд ва ҳаёти худро пеш барад. Аммо бо роҳи фиребу хиёнат ва ҷинояткорӣ не!
Аз ин лиҳоз, мо мардуми тоҷик, хосатан ҷавонон ҳушдор бояд бошем, ки дар истифода ва тамошои наворҳои видеоии наҳзатиён ва паймони миллӣ худдорӣ намоем. Пайвастан ба ин гурӯҳҳои ифротӣ роҳи ҷиноят аст. Зеро аз ҳар гуфтору амалҳои онҳо бӯи ҷанг, ҷудоӣ ва нооромиву бадбахтӣ меояд.
Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос, ДДХ