​Ҳамсоя аз хатар ҳушдор додааст

Нооромии вазъи сиёсии кишвари ҳамҷаворамон - Ҷумҳурии Исломи Афғонистон солҳои тӯлонӣ хатари эҳтимолии ҳуҷум ба сарҳади Тоҷикистонро тавлид менамояд. Хабари ҷойгиршавии сарчамъонаи зиёда аз 450 нафар террористон дар маҳалҳои Маймай, Нусай, алалхусус Вардуҷи кишвари ҳамсоя хеле ташвишовар асту бар замми он тақрибан 80-100 нафари ифротиён дар музофотҳои Таҳору Бадахшон зодагони Тоҷикистонанд.

Дар вазъияти баамаломада хурсандиовар танҳо он аст, ки ҳукуматдорони Афғонистон бо роҳбарияти мақомотҳои қудратии Тоҷикистон робитаи пайваста доранд, хабарҳои фавриро аз ҷунбишҳои нохалафон саривақт мерасонанду огоҳ месозанд. Лек, мутассифона шомил будани Тоҷикистониён ба сафи ифротиён ва омодагии онҳо барои рахнасозии сарҳади Ватани худ хеле ҳузнангез аст.

Ин гумроҳони фирефтаи ғояҳои ифротишуда омодаанд, ки зиддимакони аҷдодӣ – сарзамини волидайни худ силоҳ кашанду ҳаёти осудаи онҳоро ноором созанд. Агарчӣ, ниқоби дини Исломро пӯшидаанду ҳизбу ҳаракатҳои номи исломидоштаро ифода мекунанд, лекин амалҳояшон мутлақохилофи меъёрҳои дини мубини Ислому анъанаҳои мусалмонист. Ин палидони мазҳабхилофу динфурӯш ҳатто андеша намекунанд, ки волидайни онҳо, ки бо кадом азобу машаққатҳо онҳоро ба воя расонидаанд, байни ҷомеа чӣ тавр сар мебардоранду худро падару модари фарзанддор мешуморанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз афту башараи наҳзатиёни ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати Ислом безоранд ва ҳамтабақони онҳоро дар симои “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва ғайра маҳкум менамоянд. Ҳамагон орзу доранд, ки ҳарчӣ тезтар аз ин палидони нобакор табиати сайёра пок гардаду нохалафонро ҷазои сазовор дода шавад. Бигузор дар ҷомеаи башарӣ ҳамеша сулҳу салоҳ ва оромию осудагӣ ҳукмфармо бошадумардум бо заҳмати ободкорию созандагӣ машғул бошанд.

Собиров М.С. дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи факултети геоэкология МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Дадобоев М.А. сармуаллими кафедраи геоэкология ва методикаи факултети геоэкологияи факултети геоэкология МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ