​Ифротиҳои наҳзатӣ- омили нооромии ҷомеа

Имрӯз ҳамагон дарк менамоянд, ки вазъи печидаи ҷаҳонӣ, буҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ метавонад кишвареро хароб созад, ки дар он суботи сиёсӣ пойдор набуда, майдони ҷангу ҷидоли абарқудратҳо ва гурӯҳои ифротӣ, қарор гирифтааст. Таҳлилҳои олимон, сиёсатмадорон ва шахсиятҳои зиёӣ нишон медиҳад, ки кишварҳое ба ин буҳронҳо дучор мегарданд, ки мардумаш таҳти таъсири афсонагӯиҳои нафарони манфиатҷӯ ва ифротӣ қарор доранд.

Имрӯз ҳамагон шоҳиди ноамниҳои ҷоемеаи ҷаҳонӣ мебошанд ва ба хубӣ дарк менамоянд, ки буҳронҳои иқтисодӣ, камбизоатӣ ва надоштани фарҳанги маънавӣ ин ҳама аз носуботии сиёсӣ, ифротгароӣ ва зархарид шудани нафарони сустирода маҳсуб меёбад. Агар мо ба вазъияти кунунии кишварҳои ҷангзада назар афканем ба хубӣ дарк менамоем, ки ифротгароён ва гурӯҳҳои манфиатҷу талош менамоянд, ки худро дар назди халқ “хуб” ва “ғамхор” нишон диҳанд ва мутаасифона корҳои палидонаи онҳо дар паси парда пинҳон аз мардум мемонад. Бисёр афсус, ки як қатор нафароне дар ҷомеа пайдо мегарданд, ки ба доми ифротиёни зархарид меафтанду ҳайёти худ ва наздиконашонро дар хатар мегузоранд ва ними умри худро дар маҳбасу ғарибӣ сипарӣ мекунанд.

Мо миллати шарафманди тоҷик, ки дар як фазои орому осуда зиндагонӣ мекунем ба хубӣ дарк менамоем, ки озодиву субот ин худ як неъмати бузург аст, чунки дар шароити кунунии дунё, суботи сиёсӣ неъмати басо муҳим арзёбӣ мегардад. Мутаасифона афроде ва ё тудае аз нотавонон, ҳасудхурон, ватанфурӯшон, беномусону зархаридон талоши ноором сохтани фазои орому осудаи моро мекунанд. Наҳзатиҳои ифротӣ, ки аз кирдорҳои ҷиноии худ гурехта ба хориҷ фирор кардаанд имрӯз кӯшиши онро доранд, ки худро дар назди мардум ҳамчун “шахсиятҳоои ғамхор” аз худ нишон диҳанд ва бо ин роҳ он амалҳои палидонаи худро, ки дар солҳои ҷанги хонамонсуз бо ҳамроҳии хоҷагони дурӯяашон анҷом доданд, такрор намоянд.

Халқи тоҷик новобаста аз иғвобарангезиҳои гурӯҳҳои зархарид ба хубӣ дарк менамоянд, ки маҳалгароӣ ва таъсири манфии он дар ҷомеа мардумро ба куҷо мебарад. Ифротиҳои наҳзатӣ бошанд бадахшониву кулобӣ ва хуҷандиву ғармӣ гуфта, ба ҳаргуна баҳонаҳо талош менамоянд байни мардуме, ки нисбати якдигар меҳру муҳаббати беандоза доранд, иғво барангехта сенарияе, ки дар солҳои 90-ум ташкил карда буданд такрор кунанд. Гузашта аз ин, мо худ медонем, ки халқи тоҷик дарк менамоянд, ки ноамниҳо ва он беадолатиҳое, ки дар кишварҳои хориҷа ба амал омадаанд аз дасти ҳамингуна ифротиҳои беимон мебошанд.

Хушбахтона бо як боварии комил метавон гуфт, ки ҳамакнун мардум дигар бесаводу бефарҳанг нестанд ва ҳамаи равишҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба хубӣ мушоҳида мекунанд ва ҳамаи он ҳаводису рӯйдодҳои кишварҳои ҷангзадаро низ ба хубӣ таҳлил менамоянд. Ҳатто боиси хушнудӣ аст, ки халқи шарафманди тоҷик огаҳанд, ки наҳзатиҳои дурӯя худро гоҳ исломӣ ва гоҳ тарафдори низоми демократӣ метарошанд дар асл ба ҷуз хоин ва ватанфурӯшу зархарид каси дигаре нестанд.

Комрон Фозилов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ