​Изҳорот: Ҳизби хиёнаткор

Ҳизби наҳзати илслом, ки азравияҳои кӯҳнатарини исломи сиёсӣ, ки соли 1928 аз ҷониби Ҳасан-Ал-банно, олим ва муаллими мактаб дар шаҳри Исмоилияи Миср таъсис ёфт, ҳаракати панисломии “Ихвон-ул-муслимин” ё худ “ҷомеаи бародари исломӣ” ба ҳисоб меравад маншаъ мегирад. Беҳуда ин ҳизбро ҳизби хиёнаткор намегӯянд.

Бояд гуфт, ки ҲНИ 27 октябри соли 1990 дар анҷумани муассисон дар ноҳияи Ленин ташкил шуда буд. 4 декабри соли 1991 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном навис шуда, маротибаи дуюм 28 сентябри соли1999 аз нав сабти ном карда буд.

Дар муқаддимаи барномаи Ҳизби мамнуъи наҳзати исломии Тоҷикистон овардашуда буд:

“Марҳилаиниҳоят душворемородарпешаст.Индавраеаст,кимобоядистиқлолиятихудроҳамазлиҳозисиёсӣваҳамиқтисодиюфарҳангӣмустаҳкамсозем.Хоҷагиихаробгаштаихалқробарқарорсоземваазҳамамуҳим,савияимаънавиимардумро,кисолҳоиохирхелепоёнрафтааст,болобардорем»

Вале дертармаълум гашт, ки ҳизби мазкур дар қолаби ин гуна андешаҳо мафкураи ғаразнокисиёсиро дар худ ҷой дода давлатро сарнагун кардан будааст. Дере нагузашта қолаб аз рӯйи ин ваъдахилофону мардумфиребон афтид ва кӣ будани онҳо фош шуд. Ин ҳизби хонумонсӯз, ки чандин ҷавонони тоҷикро сарнагун кардаву яроқ бар даст дода мафкураи онҳоро вайрон кардааст имрӯзҳо аз ҳар тараф бо номҳои дигар ҳамла ба кишвари мо мекунанд.Онҳо то ҳадде беномусанд, ки бо истифода аз суннатҳои Қуръони карим корҳои фаҷҳу амалҳои нопокро мекунанд, ки хоси мусулмонӣ нест. Мо ҷомеаи устодон нафрат ба чунин нафарон дорем ва ҳамеша бар зидди ин гуна афрод мубориза мебарем. То, ки насли ояндаи мо дар фазои тоза аз ин гуна ифротгароиҳо ба воя расад.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ