ТЭТ ҲНИ – ҳизби моҷароҷў
Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ифроди миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Мардуми сарбаланд ва сарсупардаи миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир аст дар муқобили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои дини-ифротӣ, аз ҷумла ташкилоти ифротии ҲНИ, истодагари карда, Ватану миллати худро аз таҳдидҳои онҳо ҳифз намояд.
Хиёнати Муҳиддин Кабириро тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аллакай дарк намуда, ба эшон лаънат мехонанд ва уро ташкилотчии асосии ҳодисаи мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 меҳисобанд. Назарсанҷиҳо миёни мардум нишон дод, ки дар давраи 30 соли истиқлолияти Тоҷикистон роҳбарон ва аъзоёни собиқ ҲНИТ (ҳоло ташкилоти террористӣ-экстремистӣ) дар пешрафт ва ободу зебогардонии кишварамон умуман саҳм нагузоштаанд. Чунки онҳо мақсади аз байн бурдани давлати ҳуқуқбунёду дунявии тоҷиконро доштанд ва мехостанд, ба таври ба худ хос, як давлати хилофатро бунёд намоянд.
Бозичаи дасти дигарон аст Кабирӣ,
Овораву сарсони ҷаҳон аст Кабирӣ,
Пӯшт бар дари Эрону рӯ ҷониби Аврупо,
Душманӣ миллати тоҷик аст Кабирӣ,
Оре, унвони «Хоини миллати тоҷик» ба Муҳиддин Кабирӣ арзанда мебошад. Чунки дар хақаиқат ӯ ба миллату Ватани аҷдодии худ хиёнат кардааст. Ин нохалаф манфиатҳои миллии ҳамзабонон ва ҳамдиёрони худро нодида гирифта, ба аъмоли ношоям даст задааст. Агар ба шахсияти М.Кабирӣ назар афканем, маълум мегардад, ки ӯ як шахси нотавонбин ва дур аз фаҳмиши кавонини Ислом мебошад. Ӯ нисбат ба дини Ислом кур-курона муносибат мекунад ва бо ин рафтораш ғазаби Худоро меорад, ки оқибаташ талх аст. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиклолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.
Имруз мо ҷавонони кишвар пайваста аз дастгириҳои сиёсати хириадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда пайваста бар муқобили он нафароне, ки мехоҳанд ҷомеаи моро дар арсаи ҷаҳони паст намоянд пайваста мубориза мебарем, нақшаҳои баде, ки ин хоинони миллат доранд ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад гашт.
Мо тоҷикем ва тоҷдорем барои ҳамин ҳам ин давлату орому зеборо дубора хор нахоҳем кард. Мо аз давлати худ ифтихор мекунем. Ҳамватанони азиз биёед ҳушёриро аз даст надиҳем, сарзамин ва хоку буми ватани азизамонро муқаддас дорем, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ тарбия намоем.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки мардуми соҳибхирад, далел ва сулҳхоҳӣ тоҷик иродаи матин дошта натанҳо барои вусъатёбӣ балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар усул яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.
Нурматов Шодмон – докторанти ДДХ
Раҳимов Озод – магистранти ДДХ