Бомдод.ком тарғибгарӣ аќидаҳои ифротӣ

Дар шароити кунунӣ иттилоот дар ҳаёти ҷомеа нақши калдӣ дошта, он бо ҳадафҳои гуногун истифода мешавад. Рушди технологии иттилоотӣ ва фарогирии шабакаҳои иҷтимоӣ аҳамияти ин гуфтаро возеҳ намудааст. Махсусан, барои иддае аз гурӯҳу ҳаракатҳои иртиҷоӣшабакаҳои иттилоотӣ воситаи қулайи паҳнкуниву таблиғи ҳадафу нақшаҳояшон гардидааст. Ба тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ иттилооти ба манфиати худ равонашударо бо обу ранг ва албатта пӯшиш мечархонанд.

Сомонаи Ахбор ком, ки давоми чанд соли охир ба паҳн кардани чунин ахбори носаҳеҳ, дурӯғу бофтаҳои хоҷагону дастандаркоронаш машғул буд, ниҳоят баста шуд. Аслан, сабаби баста шудани сомонаи иғвонгези Ахбор ком ба ҳама маълум аст. Он дар пешорӯи маъракаҳои муҳимми сиёсии Тоҷикистон ҳадаф ва нақшаҳои муайян дошт. Ҳадафи сомона ба ҳам задани вазъ, бо дурӯғпарокунӣ раҳгум занонидани мардум ва ба ин васила расидан ба мақсадҳои умумӣ буд. Мақсадҳои умумӣ гуфта, ҳадафҳои душманони миллат Кабириву пайравонашро дар назар дорем, ки сомонаи Мирзои Салимпур низ як шохаи онро ташкил медод. Чун ба ин мақсад нарасиданд, маъракаҳои сиёсии кишвар дар фазои ором ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт, “тарбуз аз бағалашон афтод”. Ва маҷбур гардиданд, ки сомонаро банданд. Аз ҷониби дигар сомонаи мазкур миссияи худро ба поён расонд ва хушбахтона номувафақона.

Вақте думравон, яъне дурӯғбофони Кабирӣ бекор монданд, дастандаркорон дарҳол лоиҳаи наверо манзури хоҷагони худ карда, маблағи кофӣ ба даст оварданд. Акнун тарҳи нави хоинон Бомдод ком ном дорад ва вазифаи Ахборкоми пешинро бо шеваи дигар ба ҷо меорад. Бовар дорем, ки рӯзе сомонаи мазкур низ номувафақона аз фазои иттилоотӣ гум мешавад. Зеро дар ҷомеаи мо эҳтиёҷ ба чунин сомонаҳои иғвобарангез вуҷуд надорад. Инро худи Кабириву пайравонаш низ хуб дарк мекунанд. Вале барои онҳо муҳим муваффақ шудан нест, балки ба даст овардани грантҳои хоҷагони хориҷиашон аст. Тоифае, ки барои пул ва манфиати молӣ бар зидди милату давлаташгом мезанад, ҳеҷ гоҳ муваффақ намешавад. Чункӣ мардум сафедро аз сиёҳ фарқ карда, ба равандҳои ҷомеа баҳои воқеӣ дода метавонанд.

Абдуҷабборова Роҳат Абдувоҳидовна - муаллимаи кафедраи сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ