​Бартарияти хиради азалӣ бар идеологияи лӯхтакони наҳзатӣ!

Таҳлили мӯҳтавои Паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва алалхусус Паёми навбатӣ шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қадамҳои устувор баҳри ояндаи дурахшон қадам мениҳад. Маълумотҳои рақамӣ ва таҳлилӣ собит месозанд, ки ҳаёти ҷомеа тадриҷан бо ҷараёни мусбӣ пеш мераваду рушд меёбад. Паст шудани сатҳи камбизоатӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, болоравии мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ, рушди босуботи иқтисодиёт ва ҷабҳаҳои дигари калидии Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи комёбиҳо ва дастовардҳои кишварамон аст. Хусусан, таъкиду таҳлили норасогиҳои ҷойдоштаи раванди рушди кишвар, ки аз ҷониби Пешвои мӯътабар бидуни пинҳонкунӣ, рӯирост баён гардидааст, гувоҳӣ медиҳанд, ки дар механизми давлатдорӣ вобаста ба омилҳои гуногун рукнҳои сустфаъолият вуҷуд доранд. Дарёфти камбудиҳо, дарки норасоиҳо, кофтукоби сабабҳо, таҳқиқи омилҳо ва таҳияи тадбирҳои бартарафсозӣ манбаи муҳиму ҳалкунандаи рушди минбаъда мебошад. Мавҷудияти назари воқеӣ ва танқидона ба фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисси баланди масъулиятшиносии роҳбарияти олии кишвар дарак медиҳад.

Вале, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ашхоси бадбину бахил, ҷоҳилу разиле зиндагӣ доранд, ки дастоварди дигаре барояшон чун захми ҷонкоҳ асту онҳоро беқарор менамояд ва онҳо барои бофтани тӯҳмату бӯҳтон, тарҳрезии нақшаи бадкорона мепардозанд. Ин асли ҳолро метавон дар сиёҳкорони наҳзатиёни бадтинат таҳти сардории сиёҳдили мазҳабфурӯш Муҳиддин Кабирӣ мушоҳида намуд. Ин иблиси ниқоби одамидошта бо дастури хоҷагони маблағгузораш то ҳанӯз барои дарки ҳаёти муваффақонаи Тоҷикистони маҳбубамон фаҳму фаросот ва биноӣ надорад. Аз зери нохун чирке мекобаду бехабар аст то тори мӯяш ба лойи сиёҳ ғӯтидаасту овозҳои гӯшхарошаш боиси нороҳатии аксарияти мардум мешавад. Агар, каме хуни инсонӣ медошт, ҳарзагӯиро хотима медоду нафси бадашро ҷилавгирӣ мекард. Лекин, то ҳанӯз бӯйи нофорами ваъзхонии ӯ ва ҳаммаслаконаи ҳамҷинсгарояш ба гӯш мерасаду амали “ Талвосаи пеш аз марг” – ро мемонад.

Лаънату нафратро арзандаед наҳзатиёни малъун!!!!!!!!

Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ