Тоҷики сулҳофарин зидди низост

Шаҳри бостонии Исфара ва деҳоти он яке аз мавзеъҳои бостонӣ ва як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони азизамон буда, бо мардуми соҳибмаърифату ҳунарманд ва меҳмондӯст, инчунин, табиати зебо, меваҳои шаҳдрез, меъмории ба худ хос ва ёдгориҳои бостониаш шуҳрат дорад. Исфара ва деҳоти он дар таърихи халқи мо мақому манзалат ва ҷойгоҳи баланд дорад. Агар ба андешаҳои таърихшиносон, сиёсатшиносону ҷомеашиносон ва коршиносони соҳа назар афканем онҳо ба хулоса омадаанд, ки деҳаи Ворух – пораи воқеиву ҳақиқии кишвари мо – Тоҷикистон аст.

Ворух хоки поку муқаддаси барои ҳар фарди бонангу номуси миллати тоҷик буда, ба он ҳамеша арҷ мегузоранд. Ин гушаи кишварро мардуми ватандӯсти кишвар чун гавҳаракаи чашм ҳифзу қадр намуда, ба наврасону ҷавонони оянда онро ба мерос гузоранд.Дар ҳама гуна ободкориву созандагӣ ва ташаббусҳои неке, ки дар ин мавзеъ дида мешаванд, пеш аз ҳама, нақши бисёр арзишманди ҷавонони ватандӯст ва бонангу номуси шаҳри Исфара возеҳ дида мешавад.Бояд гуфт, ки ҷавонони шаҳри Исфара ҳам дар самти созандагӣ ва ҳам дар ҳимояи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таъмин намудани амнияти давлату ҷомеа ва волоияти қонун дар сафи ҷавонони фаъоли мамлакатамон қарор доранд.

Шаҳри Исфара, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва равобити неки ҳамҷаворӣ байни ду миллат нақши муҳим дорад.Мутаассифона, чанд муддат инҷониб дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба изҳороти намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон, ки мехостаанд Ворухро ба ивази баъзе аз заминҳо ба Қирғизистон ҳамроҳ кунанд, нофаҳмиҳоро ба миён овардааст.Раиси Кумитаи амнияти милии Қирғизистон Қамчибек Ташиев дар яке аз изҳороти худ вобаста ба мавзеъи Ворух андешаронӣ намуда, онро ҷазирақаламрав гуфтааст, ки он асоси воқеӣ ва таърихӣ надорад. Тибқи сарчашмаҳои боэътимод ин мавзеъ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷик тааллуқ дорад.

Дар саҳифаҳои таърих як пораи Тоҷикистон будани Ворух дарҷ гардидааст. Ин ҳақиқати бебаҳс аст, ки мутаассифона, қирғизон, бе ягон асос даъвои заминҳои мазкурро доранд. Яксаду панҷоҳ сол қабл мардуми қирғиз гову гусфандони худро ба ин мавзеъ барои чаро меоварданд ва оҳиста-оҳиста дар ин минтақа манзил бунёд намудаву ин заминро мулки худ эълон намуданд. Бо вуҷуди мисолҳои радношаванда имрӯз баъзе аз манфиатҷӯён ин масъаларо тобиши сиёсӣ дода, муносибати Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистонро сард карда истодаанд.

Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёдро тақозо менамояд. Табиист, ки чунин баҳсҳо бояд бо дарназардошти манфиатҳои дуҷониба ва дар заминаи асосҳои ҳуқуқии тасдиқшудаи тарафҳо ҳаллу фасл шаванд.

Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад. Дар робита ба ин масъала сафари президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9‑уми апрел ба Исфара дар пасманзари изҳороти ҷанҷолбарангезимақомоти баландмояи қирғиз дар бораи Ворух сурат гирифт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои муаззами миллат, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон. муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти хеш бо мардуми Исфара гуфтанд, ки дар давоми 19- соли музокирот (бо Қирғизистон) масъалаи иваз кардани Ворух бо дигар қитъа вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта наметавонад ва таъки намуданд, ки “ҳалли масъалаҳои марзӣ мӯҳлат мехоҳад ва бо эҳсосот ҳал намешавад”.Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, музокирот барои муайян кардани марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 2002 оғоз шуда, комиссияи ду кишвар бо ҳам беш аз сад мулоқот анҷом додаанд. Ба гуфтаи он кас, миёни ду кишвар бар асоси аҳдномае беш аз нисфи хатти марз муайян шуда буд. Зикр гардид,ки ҳукумати Тоҷикистон соли 2016 расмиёти дохилиро анҷом дод, аммо бо сабаби барои Душанбе номаълум, дар Қирғизистон расмиёти дохилӣ анҷом нашуд.

Ҷаноби олӣ мардуми шаҳри Исфара ва деҳоти Ворухро ба он даъват намуданд, ки бо ҳамсояҳо дар фазои дӯстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, босабру таҳаммул бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл мегарданд. Дар ҳалли ин гуна масъалаҳо роҳи дигар вуҷуд надорад.

Ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух бори дигар собит месозад, ки иттиҳоди мардуми мо иттиҳоди воқеӣ аст ва нангу номуси миллат побарҷост. Ин ташаббусҳо моро водор месозад, ки ҳамеша дар фикри ҳимояи Ворух бошем. Хушбахтона, маҳз бо талошҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу ваҳдати комил пойдор буда,вазъи некуаҳволии зиндагии сокинон рӯз ба рӯз беҳтар гардида истодааст. Ҳоло тамоми сокинони мамлакат дар фазои орому осуда дар соҳаҳои гуногун фаъолияти пурсамар доранд.

Мо мардуми сулҳҷӯю хирадпешаи тоҷик ҳеҷ гоҳ ҷонибдори низоъ миёни давлату кишварҳо нестем. Боварӣ дорем, ки ҷонибҳо пеш аз ҳама масъалаи муносибати ҳамсоядориро ба инобат гирифта, ин қазияро бо роҳи мусолиҳа ҳаллу фасл менамоянд. Халқи мо даъвоҳои беасоси қирғизонро оид ба марзи баҳсталабро рад намуда, умедворем, ки масъалаи мазкур бо роҳи мусолиҳа ҳалли худро меёбад ва ҳамеша омодаем пораи хоки кишвари азизамон – Ворухро бо баҳои ҷон ҳифз намоем, дар оянда ба насли ҷавон мерос мегузорем.

Ҳакимова Зумрадхон Абдуҳафизовна., н.и.ф., дотсенти кафедраиумумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ