Изҳорот: Мирзотафриқаи иғвопур
Фазои иттилотии замони муосир хеле мураккабу серҷабҳа буда ахбороти беандозаиҳаққонию беасосро дарбар гирифтааст. Дар ин олами маълумотҳои сершумор на ҳар шахси соҳибмаълумот метавонад роҳи дурустро дарёбадухабарҳои пучу фиребу иғвоангезро фарқ карда бошад. Хусусан, имрӯзҳо давраест, ки ҳар беҳунару чаласаводи пастфарҳанг худро “доно” метарошаду “рӯзноманигор” ё худ “журналист” меҳисобад. Нафарони оқилу доно бошанд, бо осонӣ донаи пучи хасакироаз донаи пурарзиш ҷудо намуда баҳои ҳақиқӣ медиҳанд. Лек, ҳазор афсӯс, ки на ҳар як фард чунин тавоноӣ дораду бешак аз чунин ҳолати мавҷудафирефтаи иғвою фитна ва фиреби ландаҳурон ё худ “сиёсатмадорони навбаромад”мешавад.“Сиёсатмадорони навбаромад”бошад, нафароне ҳастанд, ки бо сабаби ҳирсу нафси бад мутеи сарватдорони бадкина шудаанду ҳаёту фаъолияти худро бо ташреҳу фармоиши хоҷагони маблағгузорашон марбут медонанд.
Бо ҳидояту фармоишҳои хоҷагони худ амал карда алҳол ватангадоиро ихтиёруватанфурӯшию хиёнат ба Ватани аҷдодии хешро касби ҳаррӯзаи худ кардаанд. Яке аз симоҳои манфуру беномуси ин тоифаи мактаби наҳзатиёни ифротирогузашта Мирзои Салимпур аст, ки чун сабукпои шармандаи маҳал тез – тез ҷойи истиқомативаз менамоянду аз он ҳам бештар ба ивази сомонаҳои беэътирофӣ ҳам ном баровардааст. Оне, ки “Ахбор.ком”ном сомонаро таъсис додаастуаз ин амалаш сирф ноком шудааст, боз “ком” – и дигарро бо номи “Бомдод. ком” таъсис гардонидааст, ки худо хоҳад боз ноком хоҳад шуд. Зеро, муассисро мақсаду нияту орзу нопок асту танҳо бӯи бади иғвою фитна ва таноқиди абармардонро пешаи сабукандешии худ медонад.
Нафаре, ки ба чени хаси нопок ба касеву ҷомеа манфиат наовардааст, чӣ ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки нисбати шахсияту давлате эрод гираду танқиди фаъолияти онҳо ба ӯ раво бошад?! Исбот гардидааст, киҳадафи асосии сомонаҳои муғризонаи ифротӣ танқиди амалҳои собитқадамонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ободкориву созандагии кишвари биҳиштосоямон ва гумроҳ кардани мардуми осоишта аст. Ҷойгир намудани иттиолоотҳои беасоси кампирони кӯча дар сомонаҳои ифротӣ танҳо ба хотири даъвати авомфиребонаимардумзидди давлати соҳибистиқлоламон асту ин нохалафон ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худнахоҳанд расид. Зеро, мардуми шарифи кишвар сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва доимо омодаи муқобилияту муқовимат бар зидди ашхоси муғризу палиди ватангадою ифротӣ мебошанд. Бинобар ин, муассиси “Бомдод. ком” – и навбаромдро месазад, ки чун одати доимиаш ному насабашро ба номи зебандаи тинату амалаш, яъне “ МирзотафриқаиИғвопур” иваз намояд.
Боқӣ ҳаволааш ба Худову виҷдони пучаш!
Собиров М.С. - мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент
Ҷӯраев М.Б.-муаллими кафедраи сиёсатшиносии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”