Барои ободии Ватан кўшиш менамоем…
Маҳмурод Одинаев муовини раиси ҲСДТ дар саҳифаи фейсбукии худ ба номи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои иҷозаи гузаронидани гирдиҳамоӣ дар назди қасри Президент ариза навишта, дар ин аризаи худ азмушкилии муҳими мардум, ки сабаби пастравии шароити зиндагии онҳо дар Тоҷикистон дониста мешавад ёдовар шуда буд.
Қайд кардан бамаврид аст, кибарои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани амнияти давлат ва пеш бурдани сатҳи зиндагии шоистаимардум заҳмати шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,-Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон бузург аст.
Пешбурди ҷомеаи демократӣ барои ба танзим даровардани як қатор соҳаҳое, ки дар ҷумҳурӣ амал мекунанд вобаста карда шуда, дар соҳаи сиёсат ҳаёти иҷтимоӣ ва ғайраҳо мавриди амал қарор мегиранд. Албатта мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати мо демократӣ эълон карда шудааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки касе чизе, ки хоҳад хамон корро мекунад. Дар Тоҷикистон чун дар дигар давлатҳо қонуну қоидаҳои амалкунанда ва мақомоти дахлдор ҳастанд, ки ҳамаи инро назорат мекунанд. Бояд пеш аз ҳама барои такомули ҷомеа, беҳдошти зиндагии шоистаи мардум ва сарсабзии Ватан кўшиш кунем.Барои ин бояд мушкилиҳоро дар ҳамбастагӣ бе низоъ онро ҳал намудан лозим аст. Чунки, агар ягон масъаларо ҳал кардан хоҳем бояд манфиати мардумро дар роҳи сулҳу осоиштагӣ ба назар гирифтан лозим аст. Мардумро бо овозаҳои гуногун халадор кардан лозим нест. Бояд чӣ қадар тавонем барои ободиву сарсабзии Ватани азизамон бо меҳнати ҳалолу иродаи қавӣ кўшиш намоем. Барои ҳамин ҳам дар роҳи пешбурди сулҳу ваҳдат, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат кўшиш намоем ва истиқлолият, арзишҳову муқаддасоти миллӣ, волоияти қонунро ба назар гирифта онро такомул бахшида ҳамаи дастовардҳои кишварро ҳифз намуда ба ояндаи дурахшон бо назари нек нигоҳ кунем.
Меҳримоҳ Ватанзода – устоди кафедраи сиёсатшиносӣ