​Ба экстремизми динӣ роҳ намедиҳем

Имруз таҳлилҳо нишон медиҳад, ки нисбат ба моҳияти «экстремизми динӣ» таърифҳои гуногун мавҷуданд. Дар навбати аввал дар сатҳи зарурӣ ба омӯзиши масъалаи экстремизми динӣ, ба муайян намудани хусусияти ин падида, ба паҳншавии андешаҳои экстремистӣ, ба пешгирии ин падидаи номатлуб сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон, файласуфон ва диншиносон машғул мебошанд.

Мафҳуми экстремизм аз калимаи лотинии extremus пайдо гардида, маънояш «канорӣ» мебошад, яъне ҷонибдорӣ намудани андешаҳои канорӣ ва барои амалӣ намудани мақсадҳои сиёсии худ истифода намудани шаклҳои ғайриқонунии рафтори сиёсӣ рафтори экстремистӣ маънидод гардидааст. Рафтори экстремистӣ танҳо бо фаъолияти инсон алоқаманд аст.

Ҳар як дин, пеш аз ҳама, аз унсурҳои асоси иборат мебошад, ки он маросим ва анъанаҳои мушаххас ва пайравони анъанаҳо ва ташаккулдиҳандагони таълимоти динӣ аст. Давлат баъди рӯ ба рӯ гардидан бо падидаи экстремизм кӯшиш менамоянд, ки роҳи аз байн бурдани онро ҷустуҷӯ намоянд, аммо падидаи экстремизми динӣ хеле мураккаб аст.

Экстремизми динӣ дар бисёре аз мавридҳо бо ҷараёнҳои зерин асоснок карда мешавад, ки дар натиҷаи муттаҳид намудани таълимоти гуногун ва дар заминаи он ба вуҷуд овардани доктринаи ягона, мисли Ал-Қоида, гурӯҳи бо ном «давлати исломӣ», Толибон ва шохаҳои гуногуни онҳо мебошад. Ба таври пурра тағйир додани системаи арзишҳои динӣ ва қисман дигаргун намудани унсурҳои таркибии он мақсади асосии экстремизми динӣ мебошад.

Экстремизми динӣ яке аз шаклҳои фаъолияти экстремистӣ дониста шуда, доимо барои баланд бардоштани афзалияти худ нисбат ба рақибон ва зиёд намудани сафи пайравону ҷонибдорони худ кӯшиш менамояд. Вобаста ба шароити муосир ва вазъият дар худ хусусияти идеологӣ мегирад. Ин аст, ки баъзан экстремизми динӣ, сиёсӣ ва миллиро ба осонӣ мушоҳида намудан мумкин аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003 Қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) қабул гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дониста мешавад ва дар минтақаи мазкур созмону ташкилотҳои экстремистию террористии дорои характери динӣ ба фаъолиятҳои пинҳонӣ машғул мебошанд. Бинобар ин баҳри таъмини амнияти миллӣ ва устувории сиёсии ҷомеа аз ҳама бештар таъсири омили исломӣ ва экстремизми динӣ зиёд ба назар мерасад.

Дар зери ниқоби экстремизми динӣ мубориза бурдан бо намояндагони дину мазҳабҳои гуногун, ҳадафмандона кӯшиши гирифтани ҳокимият амалҳои баде мебошанд, ки аз ҷониби экстремистони динӣ зоҳир мегарданд ва дар ин раванди носолим қисме аз пайравони дину мазҳаби муайянро метавонанд ҷалб намоянд. Мутобиқи санадҳои ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳсолаҳои охир фаъолияти шумораи зиёди созмонҳои экстремистию террористӣ мамнуъ эълон карда шудааст ва пайравони он пайваста ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои зерин экстремистию террористӣ эътироф гардида, фаъолияти онҳо дар кишвар ғайриқонунӣ эълон гардидаанд. Инҳо: «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ал-Қоида», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Толибон», «Бародарони мусулмон», «Тоҷикистони озод», «Салафия», «Гурӯҳи 24», «Давлати исломӣ (ДИИШ)», «Ҷабҳат-ан-нусра» ва гайра.

Мутобиқи маълумоти расмӣ ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони созмону ташкилотҳои экстремистию террористӣ дастгир шуда, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Рафтори экстремистии пайравони ин ё он дин ҳамчун амали экстремистӣ ва фаъолияти созмони экстремистии динӣ маънидод мегардад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ