“Бешараф ё беномус” ?! (қисми 2)
Манзараи риққатовари шиносоӣ бо “корномаҳо”-и наҳзатиёни хоин он буд, ки насли ҷавони поку беолоиш аз лаҳзаҳои ҳаёти муҳоҷирон дар хоки Афғонистон, мазористони ҳамватанон ва ғайра огоҳ гашта бо чашмони ашколуди пурғазаб ба амалу рафтори наҳзатиёни баднафсу беимон менигаристанд. Алалхусус, бохабар гаштан аз харидории бинои сохтмонаш нотамоми беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сироятӣ бо маблағи ночиз аз ҷониби Муҳиддин Кабирии маккору палид ва амалҳои нобакоронаи ӯ ҷиҳати фурӯши минбаъдаи он дар айёми паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 – вабои асри 21-умхеле мудҳишона буд ва исбот менамояд, ки нафари чунин рафтору кирдордошта ҳеҷ вақт мӯнису ғамхори халқ набудааст, нест ва намешавад.
Ҳатто, алҳол, ки давраи пуртаҳлукаи мубориза бар зидди ин бемории марговари сироятӣ асту сарфу харҷи маблағу заҳматҳои зиёдро металабад, Кабирии муртад бо ҳаммаслаконаш ба ҷойе, ки кӯмаки моддиву маънавӣ ба ҳамватанони собиқ, ақаллан ба хешу табори худ кунанд, мавқеи “қозӣ”-ро гирифта ба ҳар амали пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвари соҳибистиқлолусоҳибихтиёрамон эрод мегиранду сангпартоӣ мекунанд. Худи ин мавқеи пешакардаашон гувоҳӣ медиҳад, ки наҳзатиёнро танҳо ғаразғасби ҳокимияти давлатӣ бо ҳар роҳасту нисбати мардуми Ватанамон андешаи паразитӣ (худхӯрӣ) доранду бас!!!. Зеро, онон виҷдону имон бар ивази маблағи ҳангуфт ба хоҷагони хориҷии иблиссифат фурӯхтаанду танҳо бо ҳидоятҳои онҳо қадам мезананд.
Лӯхтаки сохтаи либоспӯшанду ҳатто бе иҷозати ҳоҷагонашон ҳуқуқи пок кардани оби даҳону бинии рехтаашонро надоранд, ки аз наворҳои иртиҷоии онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидан мумкин аст.
Ҳамаи амалҳои наҳзатиёнро бо чашми хираду ақли ҳақиқатбинона нигоҳу таҳлил намоед, монанди амали зишту бадкинаи рӯбоҳи маккор нисбати хурӯси мағрури беақл нест? Боқӣ қазоват ба зеҳну фаросати Шумоён, ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ бошад!!!!!
М.С. Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология