Амалҳои моҷароҷўёнаи хоинони миллат Иззат Амон дар хориҷи кишвар
Ҳамзамон, дар марҳалаи кунунӣ оид ба тадбирҳои муассири кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ, дар ин раванд зарурати ҳамгироии бештари ҷумҳурӣ бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, муҳимияти роҳандозии ҳамкориҳои фарогир ба роҳ монда шудааст. Вале, мутаассифона дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо дар кишвари соҳибистилоли мо гуруҳи экстремисти ва террористӣ бо номи “Наҳзати ислом” бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тулонӣ дар давлати демократии ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда ин фурсатро барои худ ѓанимат шумурда чи нақшаҳое таҳия намуда буданд, имрўз он тасдиқи худро ёфта истодаас, ки ин гуна сиёдилону бадгумонон, нафратзадагони ҷомеа ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ ва Иззат Амон мебошанд.
Мутаассифона, ин гуруҳ ҷоҳилоне ҳастанд, мехоҳанд мақсадҳои разилонаи худро дар роҳи доғдор сохтани фазои ороми кишвар бо роҳи тафриқаангезӣ амалӣ созанд ва ҳар ободиву пешрафт ба чашми онҳо чун хор мехалад ва ба гуфте айшашонро талху хобашонро ҳаром месозад. Онҳо собиқ раис ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии мамнуъ дар Тоҷикистон - Ҳизби наҳзати ислом, пайравони дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошанд, ки баъди шикаст хӯрдан дар рақобати сиёсӣ ва ба ниятҳои нопокашон нарасидан аз Ватан фирор намуда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд. Аз ҷумла собиқ раиси ТЭТ Ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш ба монанди Иззат Амон бо дастгирии хоҷагонашон дар хориҷа амалҳои разилонаю хоинонаашонро давом дода истодаанд ва мақсаду мароми ягонаашон ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон, халалдор сохтани раванди пешрафту инкишоф, ба кӯи гумроҳӣ бурдани мардум, ташкили табаддулот ва бо ҳар роҳу васила бадном намудани Ҳукумати қонунии кишвар аст. Масъалан яке аз чунин нафарони фаъоли гуруҳи ҲНИ Иззат Амон пешвои муҳоҷирон дар Федератсияи Россия мебошад, ки таи чандин солҳост, ки зери баҳонаи ёрӣ ба муҳоҷирон ва сӯйистифода аз мансаб ба ғоратгариву қаллобӣ машғул аст. Ҳамаи корҳои ношоям ва ғайриқонунии вай ошкор шуд, зеро дар урфият чунин баён менамоянд “Офтобро бо доман пӯшида намешавад”, ва ҳамчунин “Давидани гӯсола то каҳдон” аст. Изат Амон, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба шаҳрвандии Россия соҳиб шуда будааст, бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав ронда шуд. Изат Амон таи 20 сол аст, ки дар Россия зиндагӣ мекард, чи қадар тоҷики дар Россия бударо ғорату фиреб дода ба ноумедиҳои зиндагӣ рӯ ба рӯ карда бошад. Маҳз бо ҳамин нияту нақшаҳои разилона онҳо муроҷиатномаҳо қабул менамоянд, дар васоити ахбори омма ҳар гуна изҳорот пахш мекунанд, намоишҳо ороста, аз поймол шудани ҳуқуқи инсон ва арзишҳои исломӣ дар Тоҷикистон ба ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ гузориш медиҳанд. Ҳатто дар хусуси таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои нав аз ҳисоби бадхоҳони миллат ва мухолифини дар хориҷа фирорибудаи Ҳукумати кунунӣ овозаҳо паҳн мекунанд ва даъватҳояшон ба хунрезиву ҷанг рӯирост садо медиҳад. Агар зиндагиномаашонро таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад, ки худи ин нафарони «дилсӯзи халқу Ватан» дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидааст.
Бинобар ин мову Шумо шукрона кунем, Шукронаи ана ҳамин сарзамин кунем, Шукрона кунем, ки имрӯз Тоҷикистони мо Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Воқеаи сангину нангини он айёми хатарзо барои мардуми фарҳангпаноҳу сулҳпарвар сабақи бузург гардид. Албатта, душманону бадхоҳони миллату давлат чун гирдоб ба зудӣ сари хешро мехӯранд ва ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вале метавонанд муддате ба зиндагии орому осоиштаи мардуми тоҷикхалах расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеа эҷод намоянд. Аз ин сабаб мову Шумо пайваста Ҳушёрю зираки сиёсиро аз даст надода бошем ва ҳамеша бар зидди нохалафони ҷомеа мубориза бурда бошем.
Бердиев Шукриддин