Ақидаҳои носолими пайравони ТЭТ ҲНИ роҳ ба сӯи торикӣ
Айни ҳол тибқи иттилои расонаҳоигаравидани ҷавонон ба сафи ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ, мувофиқи маълумоти омории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба солҳои гузашта кам шуда бошад ҳам, то ҳанӯз хатари ин зуҳуроти номатлуб ба пуррагӣ дар ҷомеаи башарӣ аз байн нарафтааст. Масъалаи таълиму тарбия ва одобу ахлоқи ҷавонону наврасон ва ба ақидаҳои солим равона кардани насли ҷавон бояд тамоми қишрҳои ҷомеа худро масъул шуморанд.Дар бисёр маврид ҷавонон ба ақидаҳои дасисаноки мухолифин дода мешаванд ва худро ихлосманду пайрави ин тоифа меҳисобанд, ки роҳи интихобашон нодуруст ва ояндаи зиндагияшон торику норӯшан мебошад.
Ҳоло дар замони муосир, дар асри XXI сокинони дигар кишварҳои олам барои расидан ба Моҳ ва маскан гирифтан дар он андеша кунанд, бадхоҳони миллати тоҷик фикру зикр, тафаккуру тасаввури мардуми моро ҳанӯз ҳам гирди ришу салла, шаҳиду ҷиҳод, сатру ҳиҷоб ва дигар масъалаҳои ҷузъӣ банд кардан мехоҳанд. Ба чунин воқеияти ҳол набояд розӣ шуд, балки ҷаҳд бояд карда шавад, ки он пурра аз байн бурда шавад. Дар чунин маврид метавон аз таърихи гузаштагон ва осори онҳо ҳамчун намуна истифода бурд. Чуноне ки маълум аст, дар давоми даҳ садсолаи охир рӯҳониёни манфиатҷӯ ҳамеша олимону донишмандон ва суханварони маърифатҷӯро мавриди озору азият қарор доданд, бо туҳмат онҳоро бадном сохтанд ва қисме аз мардум мутаассифона ба он туҳматҳо бовар карда, санг ба ҷониби бузургони худ партофтанд. Ҳоло низ душманони миллат зери ниқоби ислом ҷавононро дар муқобили Ватан, манфиатҳои миллӣ мегузоранд, онҳоро ташвиқ мекунанд, ки ба даст силоҳ гирифта, даст ба куштори одамон зананд.
Беҳруз Наимов