​Садди роҳи муваффақиятҳо

Мусаллам аст, ки дар ҳар давру замон байни минтақаву қавмҳо ва миллатҳои мухталиф, новобаста аз маданияту фарҳанг ва тамаддунашон як амри раднопазир маҷуд буд ва ҳаст. Ин амал нотавонбинии чанде аз инсонҳост, ки пешравию муваффақият ва дастоварди нафари дигар, ҳатто наздиктарин инсонҳои худро таҳаммул карда наметавонанд. Шак нест, ки бо баробари бештар шудани музаффариятҳо душманону бадхоҳон низ бештар мегарданд ва мутаассифона имрўзҳо чунин нафарон зиёд шудаанд.

Хушбахтона, си сол мешавад, ки Тоҷикистони азиз мо дар шоҳроҳи бузурги сиёсату маданият мустақилона қадам мезанад ва дар ин муддати кўтоҳ ба дастовардҳои беназир низ ноил гардид ва гардида истодааст. Дастовардҳои бемисли кишвари азизамонро дар ин давраи мустақилияти сиёсӣ на ҳар кас бо нигоҳи нек менигарад ва мутаасифона, аз дохилу хориҷ сангандозҳо бо ҳар роҳу восита садде барои пешравии ин миллат эҷод карда меоянд.

Дастраси ҳамагон гардидани воситаҳои муосири иттилоотӣ аз як ҷиҳати барои пешравии кор ва дастовардҳои бузург сабаб шуда бошад, аз ҷониби дигар барои суръат бахшидани фитнаангезиву ифротгароӣ воситаи қулай ва хеле дастрас гардид. Ҳамагон шоҳидем, ки имрўзҳо байни абарқудратҳо ҷанги сард ҷараён дошта, ин амал тавассути фазои ичтимоӣ бештар сурат гирифта истодааст.

Бино ба иттилои расонаҳо чанде аз ашхоси пастфитрат, ки бо вуҷуди тоҷик будан номи ин миллати бузургро сиёҳ карда, дар шабакаҳои ичтимоӣ бо ташкили гурўҳҳо ва барномаҳои махсуси таблиғотӣ ба мафкураи насли наврасу ҷавони тоҷик хисороти бузург ворид карда истодаанд. Ҳадафи ташкили ин гуна барномаҳо ва гурўҳҳо, чунон ки борҳо ишора шудааст, ба низоъ овардани мардуми тоҷик ва ба ин васила табдил додани вазъи ороми Тоҷикистон ба ҳодисаҳои мудҳиши солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мебошад. Гурўҳе аз аввал оромиву суботи Ватани моро намехостанд ва намехоҳанд, ки ин ҷойи баҳс надорад. Мутаасифона, чанде аз нафарони гумроҳ бо боварӣ аз ваъдаҳои дурўғини хоинони миллат ва бо чашмдошти сармояи муфт хилофи қонуну виҷдон амал намуда, ба миллат, Ватан, модари худ хиёнат карда истодаанд, ки нобахшиданист.

Бояд гуфт, ки ташкили гурўҳҳои ғаразнок дар шабакаи ичтимоии фейсбук пеш аз ҳама суръат гирифта, аъзову пайравони бештарро соҳиб гардидааст. Лек бояд донист, ки ташкилкунандагони ин гурўҳҳо на аз пайи наҷоти миллат аз вартаи ноогоҳӣ кўшиш мекунанд, балки онон аз пайи ҷамъоварии сарват супориши хоҷагони хориҷиашонро иҷро мекунанду бас. Аз ин рў, ҳар нафари дорои мафкураи солимро зарур аст, ки фаъолияти таблиғотии чунин ашхосро маҳкум намояд ва баҳри роҳ наёфтани ғояҳои ғаразноки бегона ба фарҳанги миллии худ ҳиссагузор бошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ