​Ҳадафҳои нопок амалинашавандаанд

Дар ҳама давру замон нафароне пайдо мешаванд, ки ҳолати ботинии худро идора карда наметавонанду ҳисси бадбинӣ, кинаву адоват ва ё пешрафти нафарею соҳаеро дида натавониста, борони маломату хусуматро бар он самт равона месозанд. Ин минвол инсонҳо худро мухолиф мехонанду баҳри ҷорӣ намудани ақидаи худ ҳама гуна шароиту вазъиятҳоро истифода мебаранд: аз тӯҳмату фиреб то ба қаллобиву гумроҳ намоӣ. Иддао доранд, ки мардум онҳоро гӯш мекунаду бо роҳи онҳо меравад ва бо ин роҳ онҳо ба ҳадафи аслии худ мерасанду назди хоҷагони худ ҳисоботи пуробуранге манзур мекунанд... Зеро ягон зиддияту мухолифат бе идораи нафаре аз берун ба амал намеояд. Баҳри тасдиқи фикрамон назар меандозем, ба вазъиятҳои ба амаломадаи давлати Ироқу Украина, ки ҳама он низоъҳое, ки ба вуҷуд омадаанд, аз берун идора карда шудаанду тарҳи ин майдону он ҷангҳо дар мамолики хориҷ кашида шуда буданд.

Мутаассифона халқи тоҷик низ аз ин ҳолат барканор намонда аст. Ҳамагон шоҳид будем, ки дар фарҷоми асри 20 тарҳи ҷанги таҳмилии дар кишвар рух дода, дар хориҷи мамлакат кашида шуда буду чи хисороте ба мулки мо овард ва кишвар то ба кадом андоза аз дигар мамолик оқиб монда буд. Он замон мухолифини кишвар, аъзоёни фаъоли наҳзатӣ бонгу изтироб доштанду ин замон ҳам ором нашудаанд. Бархе аз саркардагони наҳзатӣ ба монанди Кабириву Муҳаммадиқбол, Темур Варқиву Гадоев ба ранги худашон ҳаммаслакону лагандбардорон дар гирдашон ҷамъ намудаанду баҳри тарғибу ташвиқи мақсаду ҳадафҳои нопоки худ аз ҳама гуна расонаҳо истифода бурда, маводҳои пур аз фаҳшу дурӯғ ва тӯҳмату бӯҳтон дар ин сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба маърази умум мегузоранд. Иддао доранд, ки бо ин корашон чашми дигаронро ба давлатдориву ҳадафи сиёсии кишвар боз намуда метавонанд. Вале хушбахтона, мардуми бофарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик кайҳо аз ҳадафҳои ғаразноки ин тоифа – хоинон огоҳ гардидаанду ҳоҷат ба баёни онҳо нест! Ҳамарӯза шоҳид мегардем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъди мутолиаву тамошои маводҳои бардурӯғи онҳо мардум, бахусус ҷавонон бо ирору таҳдид, борони маломат бар хоинон мезананду даршарҳи маводҳо ватандории худ ва меҳанпарастии худ ва бо Садри муаззами миллат буданашонро арз медоранд!

Шарифзода М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ