Хиёнаткорони ТЭТ ҲНИ чӣ мехоҳанд?

Халқи тоҷик дар тамоми таърихи худ офарандаи фарҳанги воло буд. Дар бораи қудрати ин халқ олими рус В. Петров ҳанӯз соли 1911 чунин навиштааст: «Бояд эътироф намуд, ки тоҷикон халқи қавиирода ва устуворанд. Дар дунё чун тоҷикон кам халқе мавҷуд аст, ки зарбаҳои зиёди сахтро аз сар гузаронида бошад. Агар ба онҳо лаҳзае қомат рост кардан муяссар гардад, ин халқи бобақо боз аз нав нашъу намо меёбад». Дар тамоми давраҳои таърих давлатдорӣ ва рушди илму фарҳанг аз роҳбарон вобастагӣ дошту дорад. Дар он кишваре, ки сарварон ваҳдати миллиро пурқувват карда, ба рушди иқтисодӣ кушиш кардаанд, дар он ҷо фарҳанг низ инкишоф ёфтааст. Дар кишваре, ки шароит барои инкишофи фарҳанг ба вуҷуд меояд, насли ҷавони он ба тараққиёти илму фарҳанг машғул мешаванд.

Инак 30 сол мешавад, ки дар Тоҷикистон илму маориф, фарҳанг васоҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ марҳала ба марҳала рушд мекунад, ки ҳамаи онро аз истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати комил ва хидмати бузурги сарвари оқилу хирадманд ва ваҳдатсози давлати навини Тоҷикистон маънидод намуд. Имрӯз хурду бузург аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, соҳиби маърифат ва касбу кор гардида, ба Ватану миллат хизмати шоиста доранд...

Аммо ин ободӣ ва созандагиву бунёдкории моро баъзе аз нотавонбинони миллат то ҳанӯз бо чашми хира менигаранд ва бар ивази кӯмакҳои молиявии хориҷӣ ба сӯи зодгоҳ, Ватан ва марзу буми кишвари худ санг мепартоянд. Онҳо ТЭТ ҲНИ, Паймони миллии Тоҷикистон ва пайравони онҳо мебошанд, ки то имрӯз фаъолияти онҳо дар хориҷи кишвар идома меёбад. Фаъолияти пасипардагӣ, хиёнаткорӣ, беандешагӣ, амалҳои ношоистаи онҳо ҳамчун гурӯҳи ифротӣ дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик навишта хоҳанд шуд. Зеро онҳо бо дурӯғгӯиву сафсатаҳои беасос ва бадномкунии ҳукумат мехоҳанд ба мардум наздик шаванд ва бо дасти дигарон мулки ободро ба нооромӣ табдил диҳанд. Аллакай мардуми тоҷик бовар доранд, ки ин гурӯҳҳои ифротӣ ба дили сокинони кишвари мо роҳ нахоҳанд ёфт ва баръакс насли ҷавони моро ҳушдор месозад, ки муқобили ин гурӯҳҳои ифротӣ баромад намоянд ва аз ҷониби дигар, хоинони хунхору дуруяи худро бишносанд. Мо ҳеҷ гоҳ фирефтаи ин гурӯҳҳо нахоҳем шуд ва аз тарафи дигар худ ва наздиконамро эҳтиёт намоем!

Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос, ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ