Кабирӣ бешараф
Имруз ҳар як ҷавони кишвар новобаста, дар кадом сину сол, ки набошад,гирифтори доми муғризонаи гуруҳҳои террористи мегарданд. Бинобарин пеш аз ҳама ҳар як шахс пайваста барпои муҳофизати худ ҳушёрию зираки сиёсиашро аз даст надиҳад. Воқен ҳам он даҳшату, ваҳшат қатлу хунрезӣ харобиҳои ки саркардагони ин ташкилоти террористиву экстремистии собиқ ҲНИ бо сарвари Кабирӣ бар сари ин миллати тоҷик оварданд баръало дида мешавад. Гунаҳгорони ҷанги сангину нангине, ки дар байни мардуми тоҷик рух дода буданд аъзоёни наҳзатиҳои торорист буданд ва ин пурра собит гашт ва ҳоҷат ба такрори ин мавзуъ нест.
Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма мегирад. Зеро оила чӣ аз нигоҳи қонун ва чӣ аз назари маърифати исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Оила дар пайдоиш ва шаклёбии тарбияи фарзанд, нақши муҳим мебозад. Воқеан ҳам илм кайҳо исбот кардаст, ки амалкарди ҳар як шахсият аз хислати хуби Ӯ берун меояд аз тарбияе, ки дар хонавода гирифтааст.
Дар ҳамин заминаСарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ изҳор дошта буданд. “Барои давлати соҳибистиқлоли мо яке аз ҳадафҳои муҳимтарин фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас, дар қалбу шуури онҳо бедор кардани шавқу рағбати илмомӯзӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ҳамчун шахсони сазовори оянда ба камол расонидани онҳо, ба тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани ҳамаи табақаҳои ҷомеа, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон, паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ ва пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошад”.
Зеро дар замони имруза, ки худ замони пешрафти илму техника ва техналогия ба шумор мерава. Мо бояд аз доми инбаъдсифатон дур бошем, зеро террористдин, миллат, мазҳаб надорад кори ин гуруҳҳо фақат як чиз асту халос ин ҳам бошад тафриқа андози,ғоратгарӣ ва вайронкори мебошаду бас. Аз ин лиҳоз ҳар як шахс зарае бошад, ҳам барои худ, аз таърих ва барои насли ояндаи худ хамчун дарси ибрат хотира гузорад. Зеро барои расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ чи қадар ҷонфидоиҳо шудааст дар Тоҷикистони азизамон.. Бинобар ин шаҳрвандони азиз шукрона кунем, шукронаи ана ҳамин сарзамин кунем, шукрона кунем, ки чунин давлати соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанг дорем.
Кабирҷон Парпиев - таҳлилгар