Мардумфиребӣ то ба кай?
Дар давраи ҷаҳонишавӣ, ки тамоми дунёро маълумотҳои электронӣ фаро гирифта шуда, маълумотҳои мазкур аввал ва охир надоранд. Яъне ҳар як нафаре, ки мехоҳад, метавонад имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи кушодани шабакаҳои худ фикру ақидаи худро баён намояд. То андозае ин кор барои баъзе нафарон як манбаи даромад низ шудааст. Ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ нафароне ҳастанд, ки мардумро ба роҳи дуруст ва ё баръакс ба гумроҳӣ бурда истодаанд. Аъзоёни Паймони миллли Тоҷикистон М.Кабирӣ, М.Садриддин Ш.Гадоев ва ҳаммаслакони онҳо аз зумраи чунин иғвоангезон мебошанд, ки бо ҳар роҳу восита мехоҳанд мардуми Тоҷикистонро зидди сиёсати давлатӣ равона намоянд. Дар ин васила боиси афсус аст, ки баъди манъ гардидани фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон баъзе аз аъзоёни онҳо ҳоло ҳам аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида, аз хориҷи кишвар қарор гирифта, ҳамчун гуреза аз Ватан мехоҳанд бо ҳарроҳ фазои иттилоотии Тоҷикистонро вайрон созанд. Вале, мо мардуми Тоҷикистон хуб аз хоинии онҳо огоҳӣ дорем ва сад дар сад гуфта метавонем, ки ин хоинон бо омода намудани ҳазорҳо чунин барнома ҳам ба мақсадҳои худ ҳаргиз ноил намегарданд. Зеро симои аслии ин душманони миллат кайҳо фош гардидааст. Шоми 23 июни соли 2021 дар канали ютубии AZDA.TV аз ҷониби бадхоҳони миллат филми кӯтоҳмуддате бо номи “гурез аз биҳишт” паҳн карда шуданд, ки ягон асоси воқеӣ надошта пур аз дурӯғу сафсата буда, аз рӯи филми мазкур бар меояд ки гӯё дар Тоҷикистон қонун вуҷуд надораду ҳамҷо бесару сомонӣ ва ҳоло ҳам ҳамчун солҳои наваддум бетартибӣ бошад. Беҳуда намегӯянд, ки “агар дар ҳаёти худ шахси гунаҳкорро дидан хоҳӣ, пас оинаро гир ва ба он нигаҳ кун”.Вобаста ба ин, тамоми бадбахтиҳое, ки ба сари инҳо омадааст худ гунаҳкор мебошанд. Зеро ин ватанфурӯшон танҳо мехоҳанд баъзе аз шахсони зудбоварро барои расидан ба мақсадҳои худ истифода баранд тамом. Ин иғвоангезони ватанфурӯш бо пахши чунин барномаҳо танҳо мехоҳанд моро ба гумроҳӣ баранд. Мақсади асосии онҳо ҷалб намудани Тоҷикистон боз ба ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, баъди ба ҷанг кашидани Тоҷикистон мехоҳанд бо истифода аз вазъият мақсадҳои нопоки худ аз ҷумла ба савдои одамон, яроқ ва маводи мухаддир машғул шаванд.
Азизбек Ашрапов