Изҳорот: Мусичаи бегуноҳ ё деви ҳафтсар?
Ҳизби наҳзати ислом ва пайравони муттаҳами он, ки аллакай дар тӯҳмату иғвогароӣ ва дасисабозиҳо таҷрибаи бой доранд, аз ҳар гӯшаву канори олам нишаста ба кишвари азизу маҳбуби мо неши пур аз заҳри ҳасуду фитна мезананд басо аламовар аст. Вабанда ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқиТоҷикистон нисбати ин бадбахтон бетараф буда наметавонам ва қалам бар даст гирифта навиштам. Сад афсӯс, ки душмани миллати тоҷик худи тоҷик аст, ки дар ҳамин сарзамини биҳиштосо ба воя расидаасту, имрӯз бошад чун кӯрнамаки нобакор ба миллати худ, ба хоки сарзамини худ хиёнат мекунад. Магар модари тоҷик бо ҳамин орзуву ният кудакашро парвариш мекунад? Ҳаргиз не! Инсон як бор ба дунё меояд ва ин ҷони мо бароямон амонатист. Пас онро чунон бояд тай намуд, ки баъди рафтан ояндагони мо бо номи нек ёдоварӣ кунанд, ки умри тай намудаи мо беҳуда набошад. Мутаасифона баъзе аз афродон ба монанди Кабирӣ, ки худро ҳамадон меҳисобанду дар асл нодонанд ва худро чун мусичаи бегуноҳ вонамуд мекунанд, вале дар асл деви ҳафтсар мебошанд, ки садҳо ҷиноятҳо ба гардани сарвару пешвоёни ин дини хонумонсӯз мебошад. Он ҷиноятҳои содир намудаашонроҳатто худашон инкор карда намутавонанд.
Воизон чун ҷилва дар меъробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, зон кори дигар мекунанд.
Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис боз пурс,
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.
Муҳиддин Кабирӣ ва наҳзатиёну ҳаммаслаконаш, ки тафакурашон олудаи кинаву мазаммат аст, вале аз минбар истода дар бораи адолат гап мезананд вале худашон беадолатубераҳманду дигаронро низ ба ин роҳ бурданианд аз рӯи одоби инсони нест. Чуноне, ки дар дини мубини ислом, низ оварда шудааст: “Мӯъмин бародари мӯъмин аст. Ба худат чиро раво бини ба бародарат низ раво бен”.
Худо кунанд, ки дар дили ингуна инсонҳо раҳму шафқат ҷо шавад ва тухми ҷанг решакан шавад. Мо тарафдори сулҳу осоиштагӣ дар сарзаминем.
Биоишаи Назар