16 РӮЗИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ: «ОВОЗИ НОШУНИДА»
Дар толори Раёсати Донишгоҳ санаи 1-уми декабри соли 2025 бо иштироки васеи устодону донишҷӯён чорабинии илмӣ-тарбиявӣ бахшида ба маъракаи «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат нисбати занон» баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Малоҳат Эҳсонзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, хусусан ҷавонон, аҳамияти калон дошта, мубориза бо зӯроварӣ танҳо дар сурати боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ самараи воқеӣ медиҳад.
Сипас, намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Истамбону Расулова, намояндаи Ташкилоти байналмилалии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Нағзибек Чиниев ва сарвари кулли Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон» Мухбира Тюраева роҷеъ ба ҳадафҳои «Барномаи давлатии 16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» ва омилҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила суханронӣ карданд.
Дар охир ба иштирокчиён вобаста ба мавзуъ расмҳо ва видеонавор таҳти унвони «Овози ношунида» пешниҳод гардид, ки саргузашти воқеии шахсони ба хушунати хонаводагӣ гирифторгардида ва раванди раҳоӣ аз онро инъикос менамуд.
Чорабинӣ бо мубодилаи афкор ва хулосабарории иштирокчиён ҷамъбаст гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил