Пешравии кишварро набояд халалдор сохт!
Пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвари маҳбуби мо, халқи меҳнатдӯст ва сулҳпарасти мо ҳаёти осоиштаву осуда дорад. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуд ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Мутаассифона ҳастанд ашхосоне, ки мехоҳанд истиқлолият ва сулҳу суботро дар кишвар халалдор созанд ва он дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” возеҳу равшан тасвир шудааст.
Сад афсӯс, шахсоне вомехӯранд, ки осудагӣ ва сулҳу оромиро дида наметавонанд ва онҳое низ ҳастанд, ки барои пешравӣ ва тараққиёти ҷомеа монеа пеш меоранд. Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз чунин шахсонест, ки сулҳу суботи кишвари азизамонро дида наметавонад. Ӯ яке аз афродест, ки зидди халқи тоҷик ва сиёсати давлату ҳукумат ҳарф зада, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сафсатахонӣ мекунад. Бо суханони бардурӯғ ва беасосаш ӯ мехоҳад ҳаёти осудаву осоиштаи мардуми меҳанпарасти моро нороҳат созад. Тавре ки аз филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бармеояд, ӯ аз овони кӯдакӣ бачаи душвортарбия буда, аз илму таълим ва маърифат дур мебошад. Шояд сабаб аз носоломии муҳити оилавии ӯ дар давраи бачагиаш бошад, аммо имрӯз ӯ ҳамаи мушкилот ва камбудиҳои ҳаётии худро аз давлат ва миллат медонад. Чуноне,ки бармеояд, падариМуҳаммадиқбол -Қаландар Садриддинов ба тақдири бади писари худ сабабгор шуда, ӯро ба вартаи ноумедӣ ва касофат тела додааст.Маҳз барои пешгирии чунин амалҳои ғайр аз тарафи волидон сабаб шуд, ки соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон ба тавсиб расид, то ки волидонро барои тарбияи дурусти фарзандон водор намояд. Шояд Садриддин Қаландаров имрӯзҳо аз кардаҳои худ пушаймон бошад, аммо худкардаро даво нест.
Мо ҳама аз бесарусомониҳои солҳои 1990-ум хуб огаҳ ҳастем ва набояд фаромӯш кунем, ки маҳз бо ҷонбозиву мардонагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон сулҳ ҳукмфармо гардид ва халқ ҳаёти осудаву ором дорад. Дар тули 30 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон танҳо бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳоиназарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ ноил гардид.
Имрӯзҳо мо, мардуми бонангу номуси кишвар бояд аз мақсаду мароми хоинони миллат ҳушдор бошем ва нагузорем, ки ободиву суботи кишвар халалдор гардад. Маҳз туфайли худогоҳиву хештаншиносӣ ва меҳнату амали поквиҷдонаамон барои шукуфоии мамлакат саҳм гузошта метавонем. Ин аст шарти асосӣ барои расидан ба қуллаҳои баланди умед.
Кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои
хориҷӣ