Хоини ҷаллоду мардумфиреб

Солҳои зиёд аст, ки дар бораи хоинии Мухиддин Кабири садҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанду менависанд. Ба ин ҳама сарзанишҳову гапҳо морҳам пӯст мепартофт. Вале корҳои хоиниву қаллобии вай рӯз аз рӯз меафзоянд. Вай чӣ гуна инсон аст? Нафаҳмидам. Мухидин Кабири бо дидани сармояи зиёд худро аз дигарон боаклтар ва хатто аз давлату ҳукумат донотару болотар шуморид. Вақте, ки худаш дар як муддати кӯтоҳ соҳиби замини боғу роғ ва кишоварзи, фермаи чорводорӣ, техникаву дастгоҳҳои як хоҷагӣ, корхонаи асфалтбарори, мошинхои боҳашамат, биноҳои истикоматӣ, ширкати сохтмонӣ гаштааст, магар ин шубҳаовар нест ва ё барои як нафар, ки худро сиёсатмадор нишон медод кори осон нест. Худаш соҳиби ин қадар молу мулку боз дигаронро таъна мезанаду бадгӯи мекунад. Вай худаш бо хоиниву ватанфурӯши соҳиби ин қадар молу мулк гаштааст. Чуноне, ки дар урфият мегӯянд: “Аввал кордро ба худат зан, дард накунад бад ба дигарон зан”.

Ин ифлоси бадгӯву бадгумон, сабабгори марги чандин нафарон Муҳиддин Кабирии хонасӯз, ки ҳамагон вайро бад мебинанд, худаш ҳаромхӯр асту боз дигаронро чунин меномад.

Имрӯз пайравони Муҳиддин Кабирӣ, ки бо шиору ҳар гуна гуфторҳо дар сомонаи интернетӣ баромад мекунанд, магар намегуянд, ки чаро Муҳидини пешвои ТЭТ ХНИ дар рӯзи марги модараш кампири Сочак ва падараш бобои Тилло ҳузур надошт. Намегуянд, ки чаро Мухидин Кабири, миллату давлат, дину оин ва мазхаби худро фурӯхт.Ҳой мардум бедор шавед, фирефтаи молу мулк нашавед, андеша кунед.

Ӯ бо аъзоёни ба ном Хизби назхати исломи аммо дар асл ташкилоти террористии ХНИ солхои 90-уми асри гузашта як маротиба халки точикро бо ҳам ҷанг андохта Тоҷикистони азизи моро ба хоку хун оғушта карда буданд.

Маротибаи дуюм Кабири ва хамаслаконаш мохи сентябри 2015 кушиш карданд, ки Точикистони гуг гул шикуфта истодаро ба хоку хун огушта кунанд, аммо халки бошарафи тоҷик ингуна ашхоси нокасу палидро ба хуби шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онхо намеафтанд.

Мо дигар он мардуми солҳои 90-ум нестем ва дигар ба ин номаъқулиҳо роҳ намедиҳем.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ