​Шукронаи ватандорию ваҳдати миллӣ

Паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 дар миқёси ҷаҳон, ки олимону мутахассисон “вабои аср” ном мебошад, барои ҷомеаи башарӣ ва давлатдорон хеле имтиҳони ҷиддӣ буд, мебошад ва бокӣ мемонад. Зеро, маҳдудияти сайёҳат, муошират, пӯшидани ниқобу фосилаи иҷтимоӣ ва тадбирҳои дигари пешгирӣ аз ин беморӣ барои одамон ноқулайу нороҳатии муайян фароҳам оварду маҷрою низоми ҳаёту зиндагони онҳоро тағйир дод. Барои давлату давлатдорон бошад ин беморӣ ба коҳишёбии иқтисодиёт, сарфи маблағҳои зиёд баҳри чораҳои зиддиэпидемиявӣ, таъминоти доруворӣ, фаъолияти шабонарӯзии беморхонаҳо ва ғайра оварда расонид.Ҳол он , ки мебоист давлат маблағҳои дарёфтаи худро ба таъмини нафақа, беҳдошти иҷтимоӣ, рушди иқтисодиёт тавассути бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва самтҳои дигар хароҷот намояд, яъне масъулияти давлатдорӣ чандинкарата афзуд.

Новобаста аз вазъияти баамаломада Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи мубориза ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва ҳифзи саломати аҳолӣ, муолиҷаи беморони сироятёфта, нигоҳдошти коҳишёбии иқтисод ва ғайра хеле муваффақона амал намуд ва намуда истодааст.Итминони комил дорам , ки ҳамаи дастоварду комёбиҳои роҳбарияти олии кишвар дар такя ба фарҳангу одоб, анъанаву хусусиятҳои миллӣ ва дигар хислатҳои инсонии ҷомеа ба даст омадааст. Ваҳдату якдилӣ, дастаҷамъӣ , дастгирии сиёсати давлат ва омилҳои дигар заминаи боэътимоди зафарҳои мардуми тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардиданд. Чунки, мардум ба ҳангоматалабию дасисабозиҳои душманони дохиливу хориҷӣ, алалхусус наҳзатиёни ифротии ватанфурӯшу ватангадо фирефта нашудандукамариҳимматро устуворона бастанд ва рӯзҳои вазнинро бо орому осудагӣ ва заҳмати созанда паси сар карданд.

Имрӯзҳо, ки таъдоди сироятёфтагон дар миқёси ҷаҳон беш аз 95 миллион нафар шудаву зиёда аз 2 миллион нафар ба асари беморни коронавирус ба ҳалокат расидаанд, системаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист паҳншавии бемориро ҷилавгирӣ намояду дар муолиҷаи саривақтии беморони сироятёфта комёб гардад. Дар ин замина метавонзаҳматҳоисодиқонаи табибони мушфиқу ҳозиқро қадрдонӣ намуда васфи қаҳрамонию истеъдоди касбии онҳоро кард. Месазад, ки шоирону нависандагон, расомону ҳунармандон ва эҷодкорони дигар дар бораи ин қаҳрамониҳову шифокории духтурони тоҷик асарҳои калонҳаҷми арзанда офарида бошанд. Мебояд асарҳояшон ба васфи инсоният, созандагию ободкорӣ ва дигар тамоилҳои мусбии ҷомеа, хусусан давлатдории муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шавад.

Собиров М.С.- мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ