Терроризм яке аз хавфноктаррин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи муосир
Терроризм яке аз роҳҳои ба амал барорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори дахшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктаррин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад. Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маюбу корношоям шуданд. Террористон тавонистанд бо ғасби якчанд ҳавопаймо кирдореро анҷом диҳанд, ки дар таърих аз мудҳиштарин амали террористӣ ба ҳисоб меравад.
Дар солҳои охир терроризм ва ифротгароӣ ва дину мазҳабҳои гуногун амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилонаи онҳо вазъи сайёраро ноором карда ҳайёти мардуми осиштаро зери хатр гузошта истодаанд. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, боиси оқибатҳои нохуш ва фоҷиаовар мегардад. Терроризм-экстремизм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои бузург буда, оқибат ба вайронкорӣ меорад.
Бадбахтона шаҳрвандони мо низ дар анҷом додани амалҳои террористии кишварҳои Ироқу Сурия иштирок намудану бархе аз онҳо қурбонии чунин саҳнаҳо гардидаанд, ки боиси таассуф аст. Қисмате дар ҷаҳон бошад аз рӯи бемаърифатии мо бедорӣ ба сӯи модар ва ҷони худ санг мезананд, ки камоли ҷавонмардӣ нест. Аз ин ру аз ҷавонон даъват ба амал меорем, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва худро қурбони ин гуна ҳаракатҳо насозанд. Зеро оқибатҳои терроризм моро аз модар, аз ёру бародар ва аз ҳама муҳим аз Ватан маҳрум месозад. Шукронаи ободию озодии ин давлати маҳбуб карда, барои боз ҳам ободу зебо гаштани он камари ҳиммат бояд бубандем ва ҳаракатҳои террористию ифротгароиро маҳкум намуда, ҷойи ободкорию созандагии Тоҷикистони азизамон камар баста, ҳиссагузор дар сиёсати пешгирифтаи Ватану давлат бошем.
Аслиддин Раҳимӣ - устоди донишгоҳ