​Ҳар ки дар пешат дигар шахс асту дар пуштат дигар

Солҳои охир мушкилиҳои, ҷомеаи ҷаҳониро дида дархайрат мемонам, барои чӣ инсонҳо дидаю дониста худро зери чоҳ ҳавола медиҳанд, магар ин аз фикри носолим доштани чинин шахсиятҳо дарак намедиҳад. Фикр мекунанд, ки барои расидан ба мақсадҳои дар пеш гузоштаи худ дигар роҳе вуҷуд надошта бошад, ки бо ҳамроҳшавӣ ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ баробари анҷом додани амалҳои ваҳшиёна ва хунрезиҳо, куштрои одамони бегуноҳ, куштани кудакони бегуноҳ, тарконидани маҳалҳои аҳолинишин, сӯзонидани корхонаю хонаҳои аҳолинишин, ки ин ҳама шахсро танҳо ба суи ҷинояткорӣ ва хиёнат барои миллату давлати худ бурда мерасонад тамом. Мисоли равшани гуфтаҳои дар боло зикр гардида. Солҳои 90-уми асри ХХ баъд аз соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон Тоҷикистон дастаҳои гуногуни иғвоангезе пайд шуд, ки вазъи сиёсии кишварро дар як лаҳзаи муайян дигар сохт. Мувофиқи маълумотҳои солҳои охир қайд гардида имрӯз дар тамоми дунё беш аз 500 созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолият мекунанд, ки яке аз онҳо бо номи Ҳизби назҳати исолм фаъолият мебарад, ки мақсади худро тавассути истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигӣ, туҳмату иғво ва кинаю адоватро барангехта, баҳри халалдорсозии ҳаёти осудаи Тоҷикистони азиз ва амнияти ҷамъиятӣ таҳдидҳои рӯирост намуда боиси марги зиёди шаҳрвандони тоҷик гардид.

Воқеан агар ба таърих назар афканем баъдаз баста шудани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ солҳои 1997. Ба тамоми оқибатҳои ноҳуше, ки ба сари миллатии тоҷик кардаанд ин бадбахтони давлату миллатии тоҷик Ҳукумати кишвар авф карданд,ҳатто дар қатори вакилони мардуми ҷой доданд фикр карданд, ки дигар бора ислоҳ хоҳанд шуд. Аммо нияти ғараз дар тамоми ҳаолатҳо нияти нопок доштани худро баён менамудаст. Воқен беҳуда нагуфтаанд“Ҳар ки дар пешат дигар шахс асту дар пуштат дигар” мисоли равшан дили сиёҳ доштани Ҳизби назҳати ислом аз аввал маълум буд чи гуна дилу ният доштанд ва исботи суханони худро моҳи сентябри соли 2015 анҷом доданд.

Агарчи Ҳукукмати Тоҷикистон ҳанўз соли 2015 Ҳизби наҳзати исломиро мамнўъ ва террористӣ эълон дошта буд, то кунун пайравони он дар хориҷи кишвар мекўшанд, ки ба ҳувияти сиёсӣ ва истиҳлолияти давлатӣ зарбаи ҷиддӣ расонанд. Амалҳои хиёнаткоронаву моҷароҷўёнаи Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш нисбати Модар-Ватани худ, ки берун азхоки Ватан қарор доранд, боиси нигаронии ҷомеа гардидааст. Ҳайратовар аст, ки ин қабил афрод дар ин рўзҳои фоҷеабор, ки тамоми ҷаҳон бо вабои аср-бемории Covid-19 мубориза бурда истодааст, дар канори давлату миллат наистода, баръакс дасисаю иғвогариро пеша кардааст. Афкору андешаи дурӯғи саркардагони ин ташкилоти террористӣ, ақлу зеҳни кунди иддае дур аз илму маърифатро рабуда, онҳоро фирефтаи ваъдаҳо менамояд, ки ба обрўву эътибори Тоҷикистони маҳбубамон иснод меоварад.

Хоинон ва бадхоҳони миллату давлат, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш як чизро фаҳмидан намехоҳанд, ки маҳз сиёсати одилони Ҳукумати кишвар буд, ки дар кишвари азизамон сулҳу ваҳдат барқарор аст. Онҳо эътиқоди мардуми диёрро нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афкори бемавқеъ ва дурўғгўӣ коста гардонанд. Ҳар як фарди бонангу ори тоҷик, ки имрўз дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тўли 30 сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунад, хуб дарк хоҳад кард, ки ин ихтилофангезиву дасисабозиҳои ин хоинони миллат ба гумроҳӣ бурдани мардуми мо равона карда шудааст.

Имрўз мо насли даврони Истиқлол, ки рўз то рўз аз файзу самараи он баҳравар ҳастем бояд аз ин амалҳо ва манфиатҷӯиҳои ин ташкилот зиракии сиёсии худро дучанд намуда, гирди Парчами давлатии Ҳукумати кишвар сарҷамъ шавем ва барои ободиву осудагии ватани худ софдилона хизмат намоем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ