Халқи ватанбунёду ҳимоятпеша
Халқи тоҷик миллати куҳанбунёди сулҳпарвар, ваҳдатсолор ва дар ҳама давру замон бо якдигарфаҳмиву мутаҳҳидӣ шинохтаву шиносонида тавонистааст. Имрӯз сулҳи ба дастовардаи тоҷиконро ҳамчун фалсафаи сулҳ тамоми ҷаҳон эътироф намудаанд ва дар мавриди барқарорсозии оромии дигар кишварҳо ба кор мебаранд. Дар ҳақ, таърих гувоҳ аст, ки ҳеҷ тоҷике аввалин тиреро накушодаву ҷангеро бунёд насохтааст. Вале баҳри ҳимояи марзу бум ва Ватани худ, ҳар як шаҳрванди бедордил чун сипар истодагирӣ намудаву ҳеҷ вақте мағлуб нагардидааст ва нахоҳад гашт. Қиссаҳои қаҳрамононаи Муқаннаъу Спитамен, Шераку Темурмалик ва даҳҳои дигар ифодаи ҳимоятгарии тоҷиконро аз умқи таърих то ба имрӯз овардаанд...
Воқеаи мудҳише, ки дар қисми шимолии марзи Тоҷикистон рух додааст, аз тангии вазъият - баъди ба қатл расонидан, дуздидан ва маҷрӯҳ намудани якчанд нафар сокинони марзӣ, аз он ҷумла Сарвари шаҳри Исфара ба вуқуъ пайваставу наворҳои сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаи шаҳрвандони қирғиз аз он шаҳодат медиҳад. Вале имрӯз кадом ҳуқуқшиносе ва ё ҳомии ҳуқуқе дар Қирғизистон - Сания Токтогазиева, ба расонаҳо гуфтааст, ки гӯиё посухи додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро рӯзи 14-уми июн дарёфт карда бошанд. Гӯиё “як гурӯҳе аз фаъолони мадании Қирғизистон рӯзи 6-уми июн ба додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ муроҷиат кардаву хостаанд, ки бар зидди раҳбарияти Тоҷикистон бо гумони «ҷинояти ҳарбӣ алайҳи сокинони осоиштаи Қирғизистон» тафтишот оғоз карда шавад”.
Ана дар ҳамин маврид саволе пешорӯ меояд: замоне, ки кӯдакони хурдсолу ноболиғи моро медузданд, бар хонаи мо оташ меандозанд, молу мулкро ваҳшиёна нобуд месозанд, бо санг, тиру туфанг моро таъқиб мекунанд, мо тоҷикон магар хомӯш нишинем? Давра ба давра, қисм – қисм порчаҳои замини моро аз они худ кардаву имрӯзҳо соҳибони ин мулк шуданӣ ҳастанд, оё мо хомӯш бошем? Ҳаргиз!!! Тоҷик ҳеҷ вақт ягон пораи Ватани худро ба аҷнабие надода буд, НАМЕДИҲАД ва НАХОҲАД ДОД!
Шарифзода М.Х.