"Бешарафӣ" - ифшои амалҳои ифротӣ

Бо тамошои филми мустанади “Бешарафӣ” аз шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” оғўштаи андешаҳо ва мулоҳизаҳои ғамангез шудам.

Ҳодисаҳои мудҳиши солҳои 90-уми асри гузашта, ки бо ҷанги таҳвилии шаҳрвандӣ, бо хуни зиёда аз 160 ҳазор қурбонӣ, бо ашки дилгудози модарон, кўдагони ятим монда ва миллионҳо иҷбориён дар саҳифаҳои таърихи навини халқи тоҷик сабт шуд, ба хотирам омад.

Саркардагону коргардонони фоҷеаи хунини халқи тоҷик куҷо шуданд? Ҳаёт ва фаъолияти худро ба чӣ бахшиданд? Барои мардуми хеш чӣ амали солеҳ, барои модари худ - Тоҷикистон чӣ кори нек анҷом додаанд?

Саволҳо бе посуханд!

Ба ақидаи коршиносон, майл ба алоқаи ҷинсӣ бо ҳайвонот аз таҷрибаҳои кўдакӣ, ҳиссиёт ва нокомии физиологию иҷтимоӣ, инчунин, модарзодӣ сарчашма мегирад. Сабабҳои майл ба алоқаи ҷинсӣ бо ҳайвонот аз бемориҳои ҷинсӣ, осеби равонӣ, ақибмонии ақлӣ, тарс ё нафрат нисбат ба инсон, мушкилотҳои психологӣ, иҷтимоӣ дар муносибат бо ҷинси муқобил, кунҷковии носолим, хоҳиши чашидани ҳиссиёти ҳама намуди алоқаҳои ҷинсӣ мебошад.

Агар ба симои равонии қаллоб назар афканем, ба хулоса меоем, ки қаллоб ҳамеша дар фикри дуздӣ ва дуруғгўӣ буда, хислатхои зерин ба ў хосанд: фитнаангезӣ, пинҳонҷўӣ, худнамоишии зоҳирӣ.

Қаллоб ба пешсафии эгоистӣ ва аккатозии бечунучаро майли беандозаи паталогӣ дорад. Қаллоб аз айёми бачагӣ бо дуруғгўӣ ва дуздӣ, зимни таназзули равонӣ ва иҷтимоӣ ба кирдорҳои бадахлоқӣ ва зиддиҷамъиятӣ рў меоварад.

Бесаводӣ, нокомии иҷтимоӣ, зери фишор, таҳдид ва зўроварӣ дар оила, мактаб ва ҷамъият қарор доштани кўдак, наврас, ҷавон ба чунин беномусӣ ва бешарафӣ оварда мерасонад.

Таърихи ин зумра ашхосон, қаҳрамонони ҳикояҳои Ситиро Фукадзаваро ба ёдам овард. Падаркушии Тасухэй ва бераҳмӣ нисбати модараш Орин, бадахлоқии Оэй, кирдорҳои нопок ва ҷоҳилии сокинони он деҳа нисбати якдигар саранҷом дар китоби аъмоли қаҳрамонони манфии филми мустанади “Бешарафӣ” инъикос меёбад.

Афсўс, сад афсўс...

Ин афрод дар назди Худованд ва халқи азияткашидаамон чӣ ҷавоб медиҳанд? Боқӣ ба виҷдон ва номуси ҷавонмардии эшон вогузор аст!

Мамадов С.В.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ