Дар бораи Муҳаммадиқболи Садриддин
Кайҳост, ки фарзанди нохалафи тоҷик Муҳаммадиқболи Садриддин дурӯягӣ, фитна, тӯҳматбофиро бас намекунанд, ҳеч не ки аз чунин навъи “озодандешӣ” ва сиёсатбозиҳои хасакӣ берун барояд. Созандагии кишвар ба васила ҳарзагўӣ ё дурӯғпароканиву тӯҳмат намешавад, аммо ҳампаймони дурўғу фитнаангезон аз ин навъи кор ба суди худ ба кор мегиранд.
Вобаста ба арзи вуҷуд кардани ақидаи нодурусти ин гуна нохалафон матлаби зиёд метавон гуфт ё навишт. Ин гуна ақидаву дасисаҳо албатта бо мақсадҳое ба вуҷуд меоянд. Аммо ин гуна нохалафӣ ба пешбурди равандҳои ҷомеа ҳаргиз ёрӣ намерасонад. Баръакс таъсири номатлуб ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ дорад. Роҳи хубу назари неки андешаҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа бо ҳамнишиниву ҳамкорӣ падид меоянд, ки мисли дамидани рўҳи тоза ба зисти ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Мисли Муҳаммадиқбол нафароне кам нестанд, ки ҳадафи ғаразманд ва рўҳи ғаразмандона дошта, ҷуз таъсири манфӣ расонидан ба ҳаёти матлуб ва равандҳои ҷомеасоз дигар кор надоранд. Таърихи начандон дури халқи тоҷик ин қисматро дида, ки на ба амалӣ шудану пеш рафтани ормонҳои милливу давлатӣ, балки барои расидан ба ғаразҳои гурўҳӣ кўшишу талош доштаанд.
Дар мавриди ақидаҳои Муҳаммадиқболи Садриддин низ сареҳан метавон изҳор дошт, ки дар асл фаҳмишу биниши ў ба дарки ҳақиқати моҳияти озодандешӣ равона нашудааст. Инҳо ба хотири калон нишон додани “нерў”-и ин гурӯҳи ифротию ситезаҷӯ дар назди “сарпарастон”-кўшиш доранд.
Муҳаммадиқболи Садриддин дар хориҷи кишвар амали решаҷўиву ҳаво додани кинаву адоватро ба ҷомеаи тоҷикон вазифаи худ дониста, аз ҷониби мухолифони давлати Тоҷикистон бо ҳадафи ба шўр овардани ҷомеа дастгирӣ меёбад, ки ҳарчанд «таъсире ба фазои сиёсию идеологӣ ва амниятии Тоҷикистон надорад ва нахоҳад дошт», аммо аз зуҳурот ва ҳузури он ҳам набояд ғофил монд. Ҳар амр дар ин замина метавонад ба таъмини суботи сиёсӣ халал расонад ва дар вайрон кардани фазои сулҳу оромиш чорасоз бошад…
Исмоил Ваҳҳобзода - устоди ДДХ