Хиёнат ба Ватан – хиёнат ба модару миллат аст!
Ҷаҳони ноорому пуртазоди муосир ба масоили пуртазоде рӯ ба рӯ шудааст, ки кӯшиши ҳалли онро мушкилоти зиёдеро пешорӯи давлатҳо қарор додааст. Яке аз ин мушкилот ки чаҳони муосирро ба ташвиш андохтааст, ин пайдо шудани ташкилоти террористию экстеримисти мебошад. Мутаасифона таъсири ин амалҳои номатлубу даҳшатнок то ба баъзе шаҳрвандони сустирода, беандеша ва пастсирати тоқикистони мо низ расидааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Мақлиси Олӣ ба ин масъала таваччуҳ бештар намуда, таъкид карда буданд, ки «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки террорист ва терроризмро ба худиву бегона ё хубу бад чудо кардан мумкин нест». Яъне террорист миллат Ватан, мазҳаб ва дин надорад. ин суханони пурмуҳтаво моро ба он водор мекунад, ки сари ҳар қадам, дар маъракаҳои нишастӣ суҳбатҳои сари роҳӣ ва дар ҳама ҳолат ба таблиҳоти дуруҳину бофтаи ҳаразноки ташкилоту ҳизбҳои террористию экстремистӣ аз он чумла ҲНИ, ҳизб-ул таҳрир, Ансоруллоҳ, чиҳоди исломӣ, толибон ва даҳҳо гурӯҳҳои тундравии навтаъсис роҳ надиҳем ва баръакс ин ҳизбу ҳаракатҳоро гурӯҳҳои ҳаразнок, чангчӯ, ҳаробкор, гайриинсонӣ ва даҳшатноку паст фитрат биҳисобем.
Саркардаи салафиҳои хориҷӣ Муҳаммадиқболи Садриддин, узви Шӯрои Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, ки ҳамаро мисли худаш мепиндорад, фазои иттилоотиро ба таҳлука оварда, ноором кардааст. Маҳбусон ба меъёрҳои «қаҳрамонсозӣ»-и Кумитаи зиддимиллӣ рост намеоянд. Бо назардошти гуноҳҳое ки дар сари ин афрод омадааст, дер ё зуд ба сазои амалшон мерасанд. Вале Садриддини М. каҷрав дар пайрави муштарикобии боз нафаронеро мешавад, ки «қаҳрамон»-и ҳикояҳои ӯ бошад. Шояд касе зиндонӣ барои дуздӣ шуда бошад, вале дар назди расонаҳои оппозитсион, ки Садриддини М. лаққии онҳост, он чунон азизи дилҳо нишон дода мешавад, ки хориҷиҳо фикр мекунанд «муборизи роҳи озодианд».
Дар Тоҷикистон адолат ҳукмфармост чӣ нисбат ба зиндониён бошад ва чӣ ба дигарон! Қонунгузор ҷавобгарии фардӣ пешбинӣ кардааст ва ҳар кас ба ҷурму ҷинояти худ шахсан ҷавоб медиҳад. Касе дар ин дунё сари ҷиноякорони мусаллаҳро ба ибораи мо мардуми тоҷик сила накардааст. Ҷавоб бояд муносиб бошад ва дандоншикан, то террористон ба кӯчаҳои шаҳр сарозер нашаванд ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд.
Ал-қисса, умри ҳарфҳои ботил кӯтоҳ аст. Эҷоди камарбанди дурӯғ бар зидди миллат, ҳеч гоҳ оянда надорад. Наҳзатиҳо дар пешонии аз саҷда бар пойи хоҷагонашон сиёҳ бояд дарк кунанд, роҳе ки онҳо интихоб кардаанд, яъне бероҳагӣ тақдири ояндаи ин ҳизби қотилро мушаххас мекунад.
Эй хоин дур бош, эй дӯст ҳамвор,
Ки хоинро набошад дил ба як бор!
Раҳимов Озод