​Бо дег нишасту сиёҳ шуд…

Бо тамошои филми ҳуҷҷатӣ дар бораи саргузашти Муҳаммадиқболи Садриддин як эҳсоси ҳузнангез маро фаро гирифт, ҳисси нафрат ба ҷанг, нафрат ба хоинон ва нафрат ба кулли ононе, ки оташи ҷангро дар Тоҷикистон фурўзон карданду мардумро ба кишвари Афғонистон муҳоҷир карданд.

Падари Муҳаммадиқболи Садриддин – Қаландар Садриддинов замони ҷанги шаҳрвандӣ аз роҳбарони ҳизби наҳзат буд ва дар Афғонистон масъулияти ба муҳоҷирони тоҷик тақсим карда додани кўмакҳои башардўстонаи созмони Ҳилоли Аҳмарро дошт. Қаландар Садриддинов дар Афғонистон ба Мулло Шариф ном шахс барои таълиму тарбия писараш Муҳаммадиқболро месупорад. Аммо писари 12-13 сола ба доми қумондонҳои ифротии афғон мефарояд. Писарчаро ба ҷои зан истифода мебурдагӣ мешаванд. Албатта, ин ҳолат ба руҳия ва такомули шахсии Муҳаммадиқболи Садриддин таъсири манфӣ мерасонад.

Қаландар Садриддинов аз ин ҳолат шармзада гардида, аз лагери муҳоҷирони тоҷик гурехта ба шаҳри Ҳирот меравад, аммо Муҳаммадиқбол, ки руҳан аллакай ба бадкирдорӣ одат карда буд, шабҳо аз хонааш мегурезад. Хулоса, кирдори бади ҳамҷинсгароӣ ба ў часпида будааст. Муҳаммадиқбол ғайри хоҳиши худ бо касофати падараш ба чунин ҳолат гирифтор гаштааст.

Дар ин филм барои ман фикрҳои коршиносон – табибон, равоншиносон ва олимон бештар писанд омад, ки руҳия ва хислату тарзи рафтори гирифторшудагон ба чунин дарди психологиро равшан мекунад. Масалан, суханронии номзади илмҳои тиб – Шамсиддин Қурбонов ва равоншинос Марям Давлатова илман асоснок ва воқеӣ буданд.

Ба гуфти равоншинос Марям Давлатова шахсоне, ки ба ҳолате мисли аҳволи Муҳаммадиқбол гирифтор гаштаанд, ҷои меҳрро нафрат гирифтааст. Ва дар воқеъ чунин инсонҳо хатарноканд.

Муҳаммадиқболи Садриддин бо баромадҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бино бар гуфти равоншиносон, мақсад дорад, ки дигаронро ҳам мисли худаш мусибатзада гардонад. Тафаккури ў чунин аст, ки чаро вай ба ин ҳолат гирифтор гашту дигарон гирифтор нашаванд? Вай дигаронро ҳам барои чунин роҳи саргардонӣ ва бешарафӣ бурдан кўшиш мекунад. Ин албатта, ҳолати хатарзо аст.

Ин филми мустанад нишон дода тавонист, ки воқеан Муҳаммадиқболи Садриддин, ки бо гуноҳи падараш ба доми бачабозон гирифтор гаштааст, руҳан шахси солим нест. Вай нокомӣ ва шикасти худашро на аз падараш, на аз худаш, балки аз атрофиёнаш медонад.

Ин ҷо матлаб он аст, ки ҷавонони гиромиқадр, ки аз руҳияи ў огоҳ нестанд, бояд донанд, ки дағ-дағаи Муҳаммадиқболи Садриддин на барои ислом, балки барои зиёд кардани нафароне аст, ки мисли худаш гарданд.

Гумон мекунам, ки ин филми ҳуҷҷатӣ барои хулосаи дуруст баровардани нафароне, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҳарзаҳои Муҳаммадиқболро гўш ва ё пайравӣ мекунанд, мадад мерасонад.

Худи Муҳаммадиқбол бо дег нишасту сиёҳ гашт. Пас шумо ҳамнишиниро бо ин сиёҳӣ ба роҳ намонед, ки шарафу номусатон аз даст наравад.

Пайрав Сулаймонзода – устоди МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ