Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо…
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон бо сулҳофарии худ шуҳратёр гардид. Маҳз бо кӯшишу эҳтироми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини мо сулҳу ваҳдат пойдор гардид. Эмомалӣ Раҳмон меъмори ваҳдат, сулҳ ва зиндагии осудаҳолона гардиданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурезаҳоро ба Ватан баманзилҳояшонбаргардонданд, зиндагияшонро обод гардонданд, ватан ва халқи тоҷикро аз фитнаю хунрезиҳо наҷот бахшиданд, миллати тоҷикро аз хоби ғафлат бедор карда ба роҳи рост ҳидоят намуданд. Бинобар ин:
Тоҷикистон ва мардуми тоҷик ҳамеша ҷонибдори сулҳ бо мардуми Қирғизистон буданд ва дар баҳонаҳои гуногун низоъангезии мардуми наздисарҳадии қирғиз ва мақомоти манфиатдории он аз таҳаммулпазирии миллӣ ва оини дӯстивуҳамсоядорӣ кор гирифта меоянд.
Бояд қайд намуд, ки барои ба даст овардани сулҳу дӯстй, ҳанӯз дар солҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватанй тамоми халқҳои бародар аз ҷумла: қирғиз, қазоқ, ӯзбек, тоҷик , рус ва ғайра дар муҳорибаҳои шадиду хунин ва дардафзо иштирок намуда, ҷони худро дар роҳи сулҳу дӯстй ва озодии Ватанй хеш дареғ надоштаанд. Ҷоиз ба қайд аст, ки ҳамаи ин халқҳо бародарона дар Иттиҳоди Шӯрави ба сар мебурданд.
«Барои мо тоҷикон муносибатидӯстона, мустаҳкам ва тулонӣ бо халқҳоиҳамсоя ҳам тақозои таърих ваҳамниёзимардумист».
Халқи тоҷик ҳамеша тарафдори сулҳ ҳастанд, барои ҳифзи марзу бум кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Тоҷикистон ҳомии сулҳу ваҳдат бо халқҳои бародар робитаи дӯстй дошта дар зери осмони софу мусаффо зиндагии осуда ва оромона дошта бошад.
Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки сулҳ асоси зиндагии мост. Бинобар ин мо бояд баҳри пурзӯр шудани дарахти сулҳу амонӣ саҳмгузор бошем. Ҳамеша баҳри оштию ҳамдилӣ кӯшиш намоем. Ватани худро ободу зебо гардонем, бикӯшем, ки барои наслҳои оянда макони зебову дилнишинро боқӣ гузорем. Нагузорем, ки ашк аз чашмони модарон бирезад, хандаҳои кӯдакон ба гиряҳо мубаддал шавад.
Сулҳ ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд решай ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагй моро аз он.
Дарҳ бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам.