Изҳорот: Маҳмурод Одинаев ёфт шуд
Санаи 5-уми октябри соли 2020 Маҳмурод Одинаев барои кирдори авбошонааш ба ҳабс гирифта шуд. Мувофиқи иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон муовини раиси ҲСДТ даст ба фаъолияти авбошона зада буд. Аз кирдорҳои анҷомдодаи ӯ бар меояд, ки ӯ ҳарчанд намоядаи ҳизб ҳаст, вале барои ҳифзи марзу буми мамлакат талош намеварзад. Ӯ санаи 29 октябри соли 2020 соати 16:30 дақиқа барои ба армия фиристонидани писараш Одинаев Ҳабибулло Маҳмуродович зиддият нишон дода, дар комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор бо баҳонаи он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ва беасос писари ӯро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, дидаю дониста тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ба огоҳ намудани намояндагони ҳокимияти давлатӣ эътино накарда, ин кирдорҳои ғайриқонунии худро худсарона идома дода, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст. Чунин шахсиятҳои ба ном ҳизбӣ, ки амалҳояшон ба рафторашон ҳеҷ мутобиқат наменамояд, нишон медиҳад, ки шахсияти онҳо айни ҳол ҳамчун шахсияти сиёсӣ ва ҳизбӣ ташаккул наёфтааст. Ин нафарон ҳизбро танҳо барои барангехтани кина ва мухолифатҳо истифода карда, ба давлат ягон манфиат оварданӣ нестанд. Маълум гардид, ки ӯ пас аз анҷоми чунин кирдорҳо пинҳон шуда, даъвати чандин каратаи кормандони прокуратураро напазируфтааст. Мутобиқи иттилои Прокуратура ӯ санаи 05.12.2020 зимни амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дастгир гардида, ба прокуратураи ш. Ҳисор оварда шудааст. Тавре хабар медиҳанд, нисбати дастгиршуда Одинаев М.Ш. дар доираи парвандаи ҷиноятӣ гузаронидани ҳаракатҳои мурофиавӣ идома дорад. Мо амалҳо нангини чунин нафарони авбошро маҳкум менамоем.
Кайхусрав Каримов–устоди ДДХ