Кумак карда наметавонӣ, беҳтараш зиёни худро нарасон

Имрӯз терроризм чун вабои аср ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣва ҳамчунин дар кишварҳое, ки дар он сулҳ ҳукумро аст гурӯҳҳои носолим таҳдид ба ҳаёти инсонҳои бегунаҳнамуда, хатари зиёд ба миён овардааст. Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ин ваҳшонияти асримиёнагӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд. Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки мақсади давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон танҳо таъмини амнияту сулҳ дар кишвар буду ҳаст. Ва аз ҳамон рўзҳои аввали давлатдорӣ Ҳукумати Тоҷикистон барои аз як гиребон сарбаровардани миллати куҳанбунёд, ки барои ба иғво дода нашуданаш татбирҳои зиёдеро амалӣ кардаасту бисёр мавридҳо нисбат ба хоиниҳои хоинон чашмпўшиҳо низ кардааст. Мутаассифон амалҳои баъзе аз шаҳрвандонро дида дар ҳайрат менмонам, ки ин қадар бешарафу, сиёҳкор, ватанфурӯшу мардумозор гардидаанд. Ҳамчунин амалҳои худро роҳ ба сӯи мардумфиребӣ ва хиёнат барои давлату миллати роҳандози карда боз сари худро бардошта имрӯз дар сомонаҳои иҷтимоӣ овозаю хабарҳои дурӯғро паҳн карда истодааст. Магар ин аз рӯи одаму одамигарист. Имрӯзҳо душману зархаридон, ҳама ин хубиву чашмпўшиҳои миллати тоҷикро сарфи назар намуда, аз ҳуввияти милливу арзишҳои миллӣ гузашт намуда, танҳо барои ғанигардогии ҳамёни худу обруву манзалати худ дар назди хоҷагонашон меандешанду ба чашми миллати худ хок пошиданд.

Аммо халқи тоҷик новобаста аз иғвобарангезиҳои гурӯҳҳои зархарид ба хубӣ дарк менамоянд, ки тафриқаандозӣ ва таъсири манфии он дар ҷомеа мардумро ба куҷо мебарад. Ифротиҳои наҳзатӣ бошанд имрӯз аз берун истода тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои заҳролудаи худро бо ифодаи бадахшониву кулобӣ ва хуҷандиву ғармӣ гуфта, ба ҳаргуна баҳонаҳо талош менамоянд байни мардуме, ки нисбати якдигар меҳру муҳаббати беандоза доранд, иғво барангехта сенарияе, ки дар солҳои 90-ум ташкил карда буданд такрор кунанд. Гузашта аз ин халқи тоҷик дарк менамоянд, ки ноамниҳо ва он беадолатиҳое, ки дар кишварҳои хориҷа ба амал омадаанд аз дасти ҳамингуна ифротиҳои беватан мебошанд.

Бинобар ин дар ин замина ҳар як фарди Ватандӯст, соҳибвиҷдон вазифадор аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Ҳар субҳи сафо шукронаи оромиву ободии Ватан кунад. Зеро Сарвари давлат чунин баён менамоян: Замони созандагӣ, замони бунёдкорӣ расидааст ва дар замин замина Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд. Назоратчӣ нашавед, саҳмгузор бошед, агар кӯмак карда наметавонед, халал нарасонед. Бинобар ин аз ҳамаи ифротгароён, хоинони миллат даъват ба амал меорем, ки кӯмак карда наметавонед, беҳтараш зиёни худро, зарари худро нарасонед. Зеро кӯмак карда наметавонед, беҳтараш сари роҳи тараққиёти кишвари азизамон Тоҷикистон нашавед. Бо ин навиштанҳо фикр мекунед, ки ҷавонони Тоҷикистон ба қувваю дастгирӣ гуруҳҳои ТТЭ ҲНИ ниёз дорад. НЕ мо зери ин суханҳо баён кардани ҳастем, ки сари роҳи тараққиёти кишвар нашавед, ва барои бунёдкорию созандаги халқи азизамон халал нарасонед.

Ҳамчунин дар навбати дигар аз шаҳрвандони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ватани маҳбуби худро сидқан дӯст доранду бар зидди наҳзатиёни ватангадои ватанфӯруш қотеона истодигари намояд. Бофтаҳои бардӯруғи онҳоро бо далелҳои ҳаққони ботил созанд ва дар Ваҳдату сарҷамии мардуми кишвари худ саҳмгузор бошанд.

Дунё Азизӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ