Афғонистон ҳизби наҳзатро барои ҷомеи осиёи марказӣ хатарзо хонд
Ахиран Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҳузури то 10 ҳазор террористон дар хоки ин кишвар, ки шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мебошанд, иттилоъ дода, баён намуд, ки дар миёни онҳо ҳайати Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзатниз ҳастанд.
Ин баёнияро рӯзи панҷшанбеи 18-уми феврал Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон зимни наитиҷагирӣ аз Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм иброз намуда, дар баробари Ҳаракати исломии Узбекистон (ҲИӮ), "Ансоруллоҳ"-и Тоҷикистон ва Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ (ҲИТШ), аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ ҳамчун ташкилоти хатарзо ва террористӣ ном бур два хатрзо хонд.
Бояд зикр намуд, ки фаъолияти Ҳизби наҳзат дар Ҷумуҳрии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2015 дар ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо роҳи қонунӣ манъ кардашуда, ҷиҳати кирдорҳои ваҳшиёна ва фаъолияти муғризонаи роҳабарони ин ниҳоди хатарзо барои амнияти ҷомеа ва сулҳу суботи кишвар парвандаҳои ҷиноӣ боз карда шуда буд. Аммо роҳбарони ватнафурӯши ин ниҳоди экстермистӣ ба давлатҳои хориҷӣ паноҳ бурда, ҳанӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои дигари иртиботӣ ҷиҳати пиёда намудани аҳдофи муғризона ва хоинонаи хеш тамоми талоши худро карда истодаанд, то мардумро дубора ба хун кашида, бехонумон карда бошанд.
Онҳо бо роҳбариву роҳнамоии хоҷагони хориҷии худ бо сарвари Раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бо амалиётҳои ғайриддини машғул гардида барои миллату давлати худ амалҳои ношоистаро анҷом дода истодааст. Ин тоифа гумроҳон, ки қаблан бо сӯйистифода аз номи дини мубини ислом бо иғвоангезӣ мардумро ба қатлу куштор ва зидди ҳокимияти амалкунанда бармехезониданд имрӯзҳо низ кӯшиши бо номи демократ содир намудани аъмоли зишти хешро намуда истодаанд.
Аммо мардуми зирак ва ҳушёри кишвар ҳамеша баҳри ҳифзи манофеи миллӣ ва сулҳу субот талош варзида, намегузоранд, ки ин хоинони миллат ба аҳдофи нопоки худ расида бошанд.
Беҳзод Акрамов - устоди донишгоҳ