Бобати ҳолати пешомада дар Бадахшони Афғонистон барҳамзанандаи амну осоиш
Вазъи сиёсии дунё имрӯз ба он далолат мекунад, ки бисёре кишварҳои олам дар ҳолати нигарони ва вокеоти сарзада атрофи Дииш ва фаъолияти он мебошад. Тоҷикистони соҳибистистиқлоли моро, ки аксари аҳолии онро мардуми мусалмон ташкил медихад аз ин ҳодисоту воқеаҳо бетараф гузошта наметавонад. Вазъи сиёсии кишвари мо алҳол ором аст, вале баъзе ихтилофҳо миёни ҳизбхои сиёсии давлат метавонад ин вазъиятро ноором созад. Аксарияти мардуми бешарафи тоҷик медонад, ки ҷанги шаҳрвандони Тоҷикистон дар асри гузашта маҳз бо дасисаю ҳокимиятхохии гуруҳе аз ба ном ҳомиёни дини мубини ислом сар зада буду оқибатҳои фоҷиаборе ба сари кишвар рехт, вале чун оромию сулҳу вахдат дар кишвар барқарор шуд, ки гуруҳҳо дар фикри таъсиси ташкил карда ниятҳои худро хостанд бо роҳи демократи амали намоянд бинобар ин мардуми бофарҳанги тоҷикро зарур аст, ки сулҳу оромиро чун гавҳараки чашм муҳофиз бошем, нагузорем нохалафе, нопоке номарде, дар даме фиребу найрангхои гуруҳҳои иртиҷоӣ ва ифротгароӣ бо тафаккури бегона бо амнияти кишвар ва осудагии мардум халал ворид намоляд. Аз ин рӯ ҷавонон ва наврасонро бояд дар руҳияи худшиносӣ худогоҳии миллӣ тарбия намоем.
Яке аз проблемаҳои ҷомеаи имрӯза терроризм ва экстемизми динӣ ба ҳисоб меравад, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон мебарад. Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки мутаҳҳид якдил ва дастҷамъ бошем ба иғвои хоинон дода нашавем. Ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта нигоҳдориии якпорчагии Ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, Истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад.
Моро лозим аст, ки ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.
Гурдофариди Рустам