ТЭТ ҲНИ ба мақсад нахоҳад расид
Охири моҳи сентябри соли 2015 собиқ ТЭТ ҲНИ аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуд. Сипас фаъолони ин ҳизби террористӣ-экстремистӣ эълонкардашуда қарор доданд, ки фаъолияти худро дар хориҷа идома диҳанд. Ҳоло онҳо тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба он равона карда истодаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун кишвари ғайридемократӣ вонамуд кунанд, вале худро баръакс ҳамчун шахсони ғурури миллидошта нишон додани мешаванд. Дар ҳар гуна конфронсҳои сатҳи байналмиллалӣ иштирок карда оиди мақсадҳои асосиии худ ҳарф мезананд. Масалан, санаи 10-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшава конфронси солонаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) таҳти унвони «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ» баргузор гардида буд, ки дар кори ин конфронс ҳам намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам намояндагони ҳизбу ҳарактатҳое, ки фаъолияташон дар кишвари мо мамнӯъ шудааст иштирок доштанд.
Бояд зикр кард, ки албатта плюрализми сиёсӣ дар дилхоҳ мамлакати ҷаҳон ба манфиати мардум аст, вале он бояд дар доираи қонун амал намояд. Ҳамагон воқифанд, ки аъзоёни ТЭТ ҳамчун ҳизби сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд. Аз ин лиҳоз агар аз нигоҳи ҳуқуқӣ назар афканем маълум мегардад, ки онҳо наметавонанд даъвои омадан ба сари ҳокимиятро карда бошанд. Мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки волоияти қонун доимо таъмин карда шавад, зеро ки ин яке аз муҳимтарин принсипҳои ташкили ҷомеаи демкоратӣ ва шаҳрвандӣ аст.
Мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаргиз воқеаҳое, ки дар солҳои аввали ба даст даровардани Истиқлолияти давлатӣ сар заданд, фаромӯш нахоҳанд кард. Ҳамагон медонанд, ки пойдории сулҳу субот дар кишвари азизамон яке аз муҳимтарин заминаҳои таҳкими давлатдории навини тоҷикон аст. Аз ин лиҳоз, имрўз мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пешрафти боустувори ҳамаҷонибаро интихоб карда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар ояндаи наздик кишвари мо низ ба сафи давлатҳои мутараққии ҷаҳон шомил гардад. Яке аз шартҳои расидан ба ин ҳадафи бузург бошад, чӣ тавре ки қайд намудем -ин таъмини фазои сулҳу амният мебошад, ки бидуни он бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд имконпазир аст. Мақсадҳое, ки мо пеши худ мегузорем бояд ки доимо ба манфиати давлат ва миллати мо ҷавобгў бошад, зеро танҳо дар ҳаминсурат мо метавонем, ки ба ҳадафҳои стратегии худ бирасем. Чуноне ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қайд намуданд: «Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем».
Камолиддин Раҷабзод