Изҳорот: Оқибати ифротгароӣ инмоҷарост
Ҳоло терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Имрӯз марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Ҳоло террориз ва экстремизмбераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.
Тундгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Ќайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Тавре аз расонаҳои дохилию хориҷӣ огоҳ гардидем Абдусалом Одиназодаро дар Австралия боздошт ва ба "тарғиби терроризм" айбдор кардаанд. Абдусалом Одиназодаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун нафаре, ки ба ислом рӯ овардааст муаррифӣ мешавад.
Ҳоло равшан нест, ки Абдусалом Одиназода дар воқеъ паҳнкунандаи афкори террористон ва таблиғгари гурӯҳҳои террористӣ мебошад.Ба ҳар ҳол мавсуф дар навиштаҳояш аз кирдорҳои бади ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллии Тоҷистон ёд мекард.
Шаҳрзод БОҲИРӢ