Изҳорот: Иззати ғоратгару қаллоб

Бо паси сар кардани монеаву душвориҳои зиёд ва мулоҳизакор будани миллат имрӯз Тоҷикистонро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд. Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Шаъну шараф ва номи миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд. Мутаъсифона нафароне ёфт мешаванд, ки фикрашон баръакси ин гуфтаҳои болоянд. Намехоҳанд, ки мардуми тоҷик боло равад ва гул- гул шукуфад.Ин гуна сиёдилону бадгумонон чун Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ ва Иззат Амон мебошанд.

Иззат Амон пешвои муҳоҷирон дар Федератсияи Россия таи чандин солҳост, ки зери баҳонаи ёрӣ ба муҳоҷирон ва сӯйистифода аз мансаб ба ғоратгариву қаллобӣ машғул аст. Ҳамаи корҳои ношоям ва ғайриқонунии вай ошкор шуд. Изат Амон, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба шаҳрвандии Россия соҳиб шуда будааст, бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав ронда шуд.Изат Амон таи 20 сол аст, ки дар Россия зиндагӣ мекард, чи қадар тоҷики дар Россия бударо ғорату фиреб дода ба ноумедиҳои зиндагӣ рӯ ба рӯ карда бошад.Вой бар ҳоли он нафароне, ки бар доми вай афтодаанд. Нафароне, ки ба муҳоҷират мераванд, сабабҳои гуногун дошта, яке барои беҳ намудани шароити зиндагии худ ё барои пешбурди тиҷорат, дигаре аз рӯи ноилоҷӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ сафар мекунанд. Бар замми ин бар доми Иззат Амон барин инсонҳо меафтад, бо чи қадар сахтиҳо рӯ ба рӯ шуда бошад. Хушбахтона ҳақиқат ҳамеша дастболо аст. Иззат Амон дастгир шуд ва нисбати вай парфандаи ҷиноӣ оғоз гардид. Мо тарафдори онем, ки вай ҷазояшро гирад.

Ҳар он касро, ки гуфтораш дурӯғ аст,
Зи рӯи ақл рӯяш бефурӯғ аст.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ