Ҳизби қашшангу беномус
Ҳизбинаҳзати ислом ва аъзоёнаш ба содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, ифротгароӣ ва паҳнкардани ахбори иғвоангезона, ташкил ва ширкат дар иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, даъватҳои оммавӣ барои бароҳи зӯроварӣ тағйир додани низоми қонунии Тоҷикистон ва барангехтани адовати динӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ, муттаҳам шуданд ва аз ҷониби додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми сентябри соли 2015 ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун созмони террористӣ эълон карда шуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Инчунин нашри ҳафтаномаи «Наҷот» ва маҷаллаи «Сафинаи умед» ва саҳифаҳои интернетии он бо қарори додгоҳ қатъ карда шуда буд.
Имрӯз ин равияро онҳо дар хориҷа истода двом дода истодаанд. Сайди асосии онҳо муҳоҷирон мебошанд. Муҳоҷироне, ки бо умед барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба хориҷа рафтаанд.Онҳо медонанд, ки муҳоҷирон пул доранд ва сӯйистифода аз андешаҳои ғаразнокашон домро сайди худ менамоянд. Магар онҳо фикри онро намекунанд, ки онҳо оила доранд фарзанд доранд. Аслан барои ин гуна нафарон оила меҳр муҳаббат муқаддасот чизи муҳим нест. Зеро онҳо аз ин шириниҳои зиндагӣ дар канор ҳастанду пулу моле, ки онҳо аз хоҷогон яъне фармондеҳашон мегиранд чашмони онҳоро шира кардааст. Ҳой Кабирӣ агар ту мехостӣ, ки Тоҷикистон гул-гул шукуфон бошад дар ҳаминҷо истода барои ободии кишвар ва халқат хизмат мекардӣ. На чун саги лайлию гурги гурусна ва рӯбоҳи маккор барин аз хориҷа истода ҳамла намеовардӣ. Ту, ки худат беору номус ва бевиҷдон ҳасти аз адолат ҳарф мазан. Ин хандаовар аст. Довари ҳақиқӣ Худованва худи мардум аст. Ва душмани инсон барояш инсофаш аст, ки як умр дар назди инсофаш азоб мекашад.
Мо ба маслиҳату раҳнамоиҳои ту ниёз надорем. Мо шукри Истиқлолиятро мекнем. Шукри обу шукри хоку шукри оромиро мекунем. Шукргузор аз онем, ки дар Ватани азизу маҳбуб бо ном Тоҷикистон умр ба сар мебарем. Ва дар оянда аз ин ҳам беҳтару хубтар Втани азизамонро зебову ободтар месозем.
Биоишаи Назар