Офтобро бо доман пушида намешавад
Дар ҳама давру замон нафароне ҳастанд, ки барои манфиати худ шудаметанвонанд миллату давлати худро ба ночизтарин маблағ фурушанд. Ё, ки гирифтори суханҳои пучу, хом гарданд. Воқеан гузаштангони мову шумо сохтанд, бунёд карданд, обод карданд, барои наслҳои ояндаи худ як давлати обод меърос гузоштанд. Далели гуфтаҳои дар боло қайдшуда мисол шада метавонад давлати бузурги Сомониё, ки бо фарҳангу эҷодият, шаҳрсозиву шаҳрдорӣ худ дар ҷаҳон ҳамтое надошт. Аммо имруз мо насли ҷавони кишвар барои давлату миллати худ чӣ кор карда истодаем, магар инкору фаъолияти мову шумо барои таърих ва барои наслҳои оянда нишонаи доғи худро сабт намекунад.Бинобар ин ҳар як насли ҷавони имруза, бояд пеш аз ҳама, Шукронаи ана ҳамин давлат намоянд. Зеро, ки моро мехӯронад, мепушонад, тарбия менамояд, ба камол мерасонад ба ҳамаи ин нигоҳ накарда боз ба рӯи Модар Ватанхуд пой мегузорем.
Хиёнат мекунем. Магар ин аз рӯи хислатҳои инсонист. Воқеан ҳастанд ҷавононе, ки вақте дар наздаш ҳаст, қадр намекунан вақте аз дасташ мераваду, дар тангкуча қарор мегирад, баъд дарк менамояд, ки терорист, ки ҳастуэкстремист кист. Воқен ҳам он даҳшату, ваҳшат қатлу хунрезӣ харобиҳое, ки саркардагони ин ташкилоти террористиву экстремистии собиқ ҲНИ бар сари ин миллати тоҷик оварданд аз тамошои филми зикршуда баръало дида мешавад. Гунаҳгорони ҷанги сангину нангине, ки дар байни мардуми тоҷик рух дода буданд аъзоёни наҳзатиҳои террорист буданд ва ин пурра собит гашт ва ҳоҷат ба такрори ин мавзуъ нест. Дар воқеъ яке аз аъзоёти наҳзати, ки истифода аз номи ислом мардумро гумроҳ карда буд, Дар асоси маълумоти дар ин филм ҷамъ гардида мувофиқи маълумоти дотситони Тоҷикистон алайҳи сардабири вебсайти Isloh.net Муҳаммадикболи Садриддин алайҳи қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.
Муҳаммадиқболи Садриддини яке аз аъзоён фаъоли ҲНИ гуруҳҳои иғвоангези ҷомеа мебошад. Мақомоти назоратӣ иддао доранд, ки як рӯзноманигори мухолиф маблағҳои се шаҳрванди Тоҷикистонро дар ҳаҷми 430 000 доллар бо роҳи фиребазхуд кардааст. Муҳаммадикболи Садриддини 42-сола дар яке аз кишварҳои Аврупо паноҳгоҳи сиёсӣ гирифт. Дар се соли охир ӯ сардабири вебсайти оппозисиюни Ислох.нет буд. Пеш аз он ӯ сайти "Islam.House" -ро таҳрир кард. Сомонаи Isloh.net зуд-зуд мақолаҳо дар бораи ҳукумати Тоҷикистонро нашр мекунад. Рӯзи 15 октябр Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кард, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муҳаммадикболи Садриддин пас аз муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон Кабутов Неъматулло Бадриддинович, Холов Сиёвуш Имомқулович ва Каюмов Носихиддин Шарифович оғоз шудааст. Онҳо изҳор доштанд, ки Садуридинов маблағҳои онҳоро дар ҳаҷми 430 000 доллар азхуд кардааст. Маблағ, ба гуфтаи довталабон, дар назди шоҳидон соли 2010 дар Дубай интиқол дода шудааст. Тибқи иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Муҳаммадикбол Садуридинов аз Н.Б.Кабутов гирифтааст. 130 ҳазор доллар, С.И.Холов $ 120 ҳазор ва Каюмов Н.Ш. 180 ҳазор доллар ва ваъда дод, ки ҳар моҳ ба онҳо аз 10 то 12% дивиденд пардохт мекунад. “Садуридинов М.К. ду моҳи аввал ӯ ба онҳо 5-6% даромади гирифтаашро пардохт кард ва пас аз он ба Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Каюмов Н.Ш. дар бораи муфлисшавии тиҷорати ӯ ", гуфт маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ дар изҳороте, ки рӯзи 15 октябр нашр шуд. Муҳаммаикболи Садриддин, ба гуфтаи мақомоти назорат, моҳи ноябри соли 2010 Дубайро тарк карда, ба Бишкек ва аз он ҷо ба Аврупо кӯчид. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи рӯзноманигори оппозитсионӣ таҳти модда 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ("Қаллобӣ дар миқёси махсусан калон") оғоз шудааст. Ин амалу рафтори баъзе аз шаҳрвандонро дида дар ҳайрат мемонем, барои чи ин қадар бемеҳру дур аз Худованд гардиданд. Аъзои фаъоли гуруҳҳои террористӣ ҲНИ, ки дар байни ҷомеаи мо фаъолиятӣ мебаранд, барои чи шаҳрвандонри кишвар аз ин ба мақомиотҳои қудрати хабар намерасонанд. Эй мардум соҳибфарҳанг бедор шаваем огоҳ бошем нагузорем, ки омада моро дар хонаи худ ғораиту валангор карда раванд. Бас нест оқибатҳои мудҳиштарин ва рузҳои сахтарини аз сар гузаронидаи миллати тоҷик. Ҳамчунин санаи 15 октябр додситонии кулли Тоҷикистон низ эълон кард, ки Муҳаммадикболи Садриддин ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузошта шудааст. Воқеан бузургони илму адаб беҳуда нагуфтаанд, “Офтобро бо доман пушида намешавад”, зеро ҳар ҷинояте, ки он хурд аст ё бузург ҳатман рузе мерасад ҷазои барои худ мувофиқро хоҳад гирифт. Айни ҳол, 30 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути Интерпол дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Моҳи майи соли равон Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати шахсони ба терроризм алоқамандро нав кард. Рӯйхати нав 2647 номи шаҳрвандони кишварро дар бар мегирад, дар ҳоле ки ҳафт моҳ қабл 2392 нафар шомил буданд. Дар ин рӯйхат ҳанӯз номҳои фаъолони шаҳрвандӣ ва ҷонибдорони ҷунбиши "Гурӯҳи 24" ва Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ ҳастанд ва дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд, шомиланд.
Дар тамошои филми Хиёнатҳар як шахс зарае бошад, ҳам барои худ, аз таърих ва барои насли ояндаи худ хамчун дарси ибрат хотира хоҳад гузошт. Зеро то ба ин дараҷа ва ба ин самт омада расидани Тоҷикистон чи қадар ҷонисориву ҷонфидоиҳои шуда гузаштааст. Бинобар ин шаҳрвандони азиз шукрона кунем, шукронаи ана ҳамин сарзамин кунем, шукрона кунем, ки чунин давлати соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанг дорем.
Дунё Азизӣ - устоди ДДХ