Муҳиддин Кабирӣ хоини ватан буд ва хоҳад монд
Роҳбар, хоини ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ҳамеша бо ҳар роҳу усул кӯшиш менамояд, ки бо навишта ва суханҳои беасосу бӯҳтонҳои иғвогаронаи худ тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ҳокимияти мавҷударо, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрузҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, бадном созад. Бо ин иғвоҳои худ мехоҳад оромии ҷомеаро халалдор намуда, мардумро зидди ҳокимияти имрӯза бархезонад. Лекин ҳамаи кӯшишҳояш бебароранд. Зеро мардуми ватандусту сулҳпарвари мо худ хуб дарк намудаанд, ки онҳо ҳама ба хоҷагони хориҷии худ фурӯхта шудаанду ҳар он чие, ки онҳо мегӯянд танҳо бо як мақсад ноором сохтани ҷомеа равона шудаасту халос. Онҳо ягон нияти неке, ки барои нафъи ҷомеа бошад надоранд.
Нашрияҳои Муҳиддин Кабирӣ тариқи сомонаи иҷтимоӣ зидди ҳокимиятдорон саросар беасос буда, иғвоҳои беасоси ӯст. Лекин ӯву ҳаммаслаконашбояд хуб дарк намоянд, ки мардуми кишвар кайҳо аз кинаву найранги онҳо нисбати ҳокимиятимавҷуда бохабар буда, ҳеҷ гоҳ ин гуна хоинонро намебахшад ва ба гуфтаҳои беасоси онҳо бовар ва пайравӣнахоҳад кард. Мардуми кишвар фарҳанги воло дошта, ба қадри сулҳу субот ва оромие, ки дар сарзамини мо пойдор астмерасанд ва намегузоранд, ки чунин ашхосон монанди Муҳиддин Кабирӣ ба он халадор гарданд. Агар онҳо ба гуфти худ ба мардуми кишвар дилсӯзӣ мекарданд ин гуна суханҳои иғвогаронаро эҷод накарда, аз паи боз ҳам пешравии ҷомеа мегардиданд.Боқионҳо хоинанд вачунин хоҳанд монд.
Мардуми озодихоҳу сулҳдӯст ҳамеша сиёсати пешгирифтаи роҳбари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмонро пайгирӣ хоҳанд кард.
Муҳаммад Исоев - устоди ДДХ