​Аз шахсони иғвогару дурӯя дур бошем!

Пӯшида нест, ки дар ҷаҳони муосири кишвар яке аз падидаҳои манфии ҷомеа: терроризму экстремизм ба қуллаи авҷ расида, наметавон ҳамаи мамлакатҳои хурду бузургро аз он ба пуррагӣ пешгирӣ ва эмин сохт. Зеро даҳшату амалҳои бераҳмона ва фаъолияти террористиву экстремистӣ сарҳади муайян надошта, кори дастаҷамъонаи ҳамаи давлатҳои мамолики дунёро тақозо намудааст.

Аз ин лиҳоз, яке аз зуҳуроти номатлуби густаришёфтаи ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм ба шумор рафта, боиси ба вуҷуд омадани таҳдид, истифодаи зӯроварӣ, сӯиқасд ба ҳаёти арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ, ғасби худсаронаи ҳокимият ва моликият, барангехтани низоъи миллӣ, қавмӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динӣ гардидааст. Яъне, “терроризм ва экстремизм намуди тахрибкорӣ ба муқобили ҳар кадом субъекти муносиботи байналхалқӣ, давоми сиёсати хориҷии кишвари муайян бо роҳ, усул ва методҳои дигар мебошад”.

Дар ҷаҳон беш аз 500 созмони террористӣ амал менамоянд, ки миллионҳо нафар одамон дар зиёда аз 100 давлати дунё аз лиҳози густариши ин падидаи номатлуб дар хавфу хатар ва таҳдиди ҳамешагӣ қарор гирифтаанд. Новобаста аз ному барномаҳои гуногун ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва фаъолияташон манъгардида, мақсаду маром ва ҳадафҳои муғризонаи ягона доранд. “Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардшуда, аз ҷумла, таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Мақсад ва мароми асосии терроризм, ё ҳизбу ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои тундгаро пеш аз ҳама халал ворид сохтан ба амнияти ҷамъиятӣ, бедор сохтани тарсу ваҳм, ба воҳима овардани аҳолӣ ва ниҳоят ба тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатӣ мебошад”.

Солҳои охир, аниқтараш пас аз соли 2015 эълон гаштани ҳукми Суди Олии мамлакат оид ба Ташкилоти экстремистиву террористӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ, Паймони миллии Тоҷикистон, шабакаҳои иҷтимоии “бомдодком” ва амсоли инҳо ҳайати роҳбарият ва аъзои касифи он: Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Илҳом Ёқубов бо амалҳои хиёнаткоронаву ҷинояткоронаи худ мардумро гумроҳ сохта истодаанд.

Ин моро водор месозад, ки аз ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва шахсиятҳои иғвогару дурӯя дур бошем ва нагузорем, ки ба ҷомеаи мо хоре пайдо шавад.

Ҷӯраева Гулафзо – омӯзгори ДДД

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ