Бомдод.ком - таблиғгари ақидаҳои террористӣ
Масъул ва гардонандаи сомонаи “Бомдодком” - Мирзои Салимпур, ки яке аз думравони чоплуси Кабирӣ аст, тавассути пойгоҳи хабарӣ ва таҳлилии ифротиаш боз ғояҳои радикалии хусусияти ифротгароӣ, террористӣ ва миллатситезӣ доштаро ташвиқу тарғиб менамояд. “Бомдодком” кори сомонаи “Ахборком”-ро, ки таҳти садои наҳзат кораш пеш мерафт ва тамоми матлабу гузоришҳои “Ахборком” хусусияти барангехтани кинаву адоват, тарғиби ғояҳои радикаливу террористӣ, нифоқаангезӣ байни намояндаҳои минтақаҳои гуногуни кишвар ва баланд намудани сатҳи таассубу бегонапарастиро доро буданд, давом дода истодааст. Чун Суди Олии ҶТ бо ҳалномаи худ аз 08 апрели соли 2020 истифодаи “Ахборком”-ро дар кишвар манъ намуд, Мирзои С. аввал сомонаи “Ахборком”-ро баст ва бо талошҳои зиёд, бакорандозиҳои найрангҳои сиёсию тиҷоратӣ сомонаи “Бомдодком”-ро кушод. Назару таҳлилу хабарҳои тайи як моҳи фаъолияти “Бомдодком” нашршуда нишон медиҳанд, ки он ҳамон сомонаи “Ахборком” аст, фақат номҳояшон фарқ доранду халос. Хабару гузоришҳои “Бомдодком” саросарӣ нақзу ифротиянд ва пурра бо ҳамоҳангӣ бо роҳбари раиси ташкилоти террористӣ – экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ эҷод мегарданд. Зеро, масъул ва баргардонандаи ин пойгоҳи ифротӣ Салимпур дастпарвари мактаби наҳзат ва худи ин чокари ҳиладон то ҳол дар хизмати наҳзат аст.
Асосан дар “Бомдодком” масъалаи тафриқаандозӣ ва маҳалгароӣ пайгирӣ мешавад, ки ин усули кор дар сомонаҳои наҳзатиён равшан дида мешавад. Рӯйи рост оиди ин ё он ҳодиса шарҳи дурӯғ меофаранд, баъдан дигар сомонаҳои ифротӣ ин ҳарфҳои дурӯғро асос намуда дар ин росто фазосозӣ мекунанд. Одатан Салимпур, чӣ дар “Ахборком” ва чӣ дар “Бомдодком”, назароту гузоришҳои дурӯғини сомонаҳои наҳзатиро асос карда, дар ин росто фазлфурӯшиҳои зиёде менамояд. Салимпур бо номҳои фейкии гуногун дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” низ фаъол аст. Далел ин аст, ки тамоми навиштаҳои ин номҳои фейкӣ якрангу услуби навишташон якхелаанд. Бо ин номҳои фейкӣ ба ҳар нафари озодандеше, ки аз арзишҳои миллӣ, мардумӣ ва давлати дунявиву низоми давлатдории миллӣ ҳарфе занад ё пуштибонӣ кунад, дарҳол дар меафтад. Инчунин, Салимпур ҳар террористи наҳзатиро, ки дар мафкураи ифротии ӯ фақат адоват, хунхорӣ, зиддитоҷикӣ ва амалҳои терорристӣ ҷойгоҳ дораду халос, як шахсияти милливу озодандеш нишон медиҳад. Ҳадафу барномаҳои наҳзатро таблиғу ташвиқ менамояд. Чунин вонамуд мекунад, ки гӯё ТЭТ ҲНИ як созмони куллан беолоишу маъсуме аст, ки ғамхори миллат буду ҳаст. Аз тарафи дигар, ӯ нағз медонанд, ки офтобро бо доман пинҳон карда намешавад. Ҷурму ҷиноятҳои сангини ба мардуму миллату давлат содир намудаи наҳзат ва аз худбохтагию хиёнаткорӣ ин лаъинони мазҳабфурӯш аксарият ба хубӣ огоҳанд.
Раҳим Ҳошимов