Истиқлол – дастоварди нодири таърихӣ
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдодҳои муҳим ва сарнавиштсози таърихи кишвари тоҷикон мебошад. Ин сана дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзест, ки озодӣ ва худшиносии миллии мардум ба таври расмӣ тасдиқ гардид ва Тоҷикистон ба қатори кишварҳои мустақили ҷаҳон шомил шуд.
Барои Тоҷикистон истиқлолият як нуқтаи гардишӣ буд, ки ба инкишофи худшиносии миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон мусоидат намуд. Пас аз ҳазорсолаҳои таърих, ки тоҷикон зери фишори ҳокимиятҳои гуногун қарор доштанд, онҳо имконияти барқарор кардани давлатдории худро ба даст оварданд.
Аҳамияти истиқлолият барои Тоҷикистон на танҳо дар самти барқарор кардани истиқлоли давлатӣ ифода меёбад, балки ҳамчун як марҳалаи нав ва пурра барои рушди миллат, иқтисодиёт ва фарҳанг хизмат мекунад. Мустақилияти сиёсӣ ба Тоҷикистон имконият дод, ки дар сатҳи байналмилалӣ шинохта шавад ва муносибатҳои дипломатиро бо кишварҳои дигар ба роҳ монад.
Истиқлолият барои Тоҷикистон осон ба даст наомад. Пас аз эълони истиқлол, кишвар дар ҳолати душвори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор гирифт. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз соли 1992 то 1997 идома ёфт, ба иқтисодиёт, захираҳои инсонӣ ва муассисаҳои давлатӣ зарбаи сахт расонд. Ин муддати душвор ба таърихи кишвар ҳамчун як давраи бесарусомонӣ ва ихтилофи дохилӣ ворид гардид. Аммо пас аз имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997, Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ворид шуд. Мусолиҳа ва сулҳ ба Тоҷикистон имконият дод, ки барқароршавии иқтисодӣ ва иҷтимоиро оғоз кунад ва тарҳҳои бузурги инфрасохторӣ ва ислоҳотро амалӣ намояд.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кишвар ва мардуми он як сарчашмаи ифтихор ва худшиносӣ мебошад. Дар тӯли 33 сол, сарфи назар аз мушкилоти зиёди дохилӣ ва берунӣ, Тоҷикистон тавонист сулҳу ваҳдатро барқарор кунад, иқтисоди худро рушд диҳад ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари мустақил шинохта шавад. Истиқлоли давлатӣ на танҳо як марҳилаи таърихӣ аст, балки асоси ояндаи дурахшон ва устувори давлатдорӣ ва рушди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Мафтуна Исмоилова,
омӯзгори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров