​Меҳргон - иди мардуми шарқ - ориёиҳо

«Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидан тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, бинобар ин, ҷашни ҳосилот ва кишоварзон ба шумор меравад»-Эмомалӣ Раҳмон

Дар рўзҳои ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Меҳргон пайванди мор обо решаҳои бостонии миллиамон тақвият бахшид ва боиси болоравии худшиносиву хкдогоҳии мардуми кишвар, аз ҷумла наврасону ҷавонон гардид, зеро Меҳргон рамзи ваҳдати инсонҳо, дўстии мардумони гуногкни мамлакат, намунае аз ахлоқи баландтарини инсонӣ, меҳрварзиву накўкорӣ, ватандўстӣ ва адолатпарварӣ ба шумор меравад. Меҳргон - иди ҳосили мардуми шарқ, аз он ҷумла, халқи тоҷик аст.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар симпоизиуми байналмилалии «Тамаддуни фарҳанг: дирӯз ва имрӯз» (23-25 октябри соли 2019, ш.Душанбе) дар барои намунаҳои фарҳанги қадимаи халқи тоҷик сухан ронда чор иди қадимаи ориёниҳо –Сада (дар зимистон), Наврӯз (дар баҳор), Тиргон (дар тобистон) ва Меҳрон (дар тирамоҳ) маълумоти пурқимматро баён карданд. Дар байни ин идҳои қадима Меҳргон мазмун ва моҳияти махсус дорад. Меҳргон яке аз қадимтари идҳои фасли сол аст, ки дар байни қавмҳои эронию туркӣ расм шудааст. Баробари инкишофи деҳқонӣ ва ҷорӣ гаштани тақвими деҳқони пайдо шудааст. Меҳргон иди ҳосилот аст, ки рӯзи шонздаҳуми – рӯзи меҳри моҳи ҳафтуми соли шамси – меҳргоҳ, ки эрониёни қадим онро муборак шуморида ид мекарданд ва он рӯзро Меҳргон меномиданд (бино ба достонҳои қадимӣ, гӯё рӯзи ҳабс шудани Заҳҳок дар кӯҳи Дамованд будааст), ба 23 сентябр – 22 октябр тақвими Григорионӣ рост меояд. Деҳқонон дар ҳамин рӯз ҷамъовари ғалла ҷашн гирифта мешуд. Ба қайди Меҳргон тайёри медиданд, ҳашарҳо мегузарониданд, Сару либоси нав медӯхтанд, сайлу базмҳо ташкил мекарданд. Баъди Револютсияи Сотсиалистии Октябри Кабир дар байни деҳқонони колхозу совхозҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, ба ҷои Меҳргон анъанаҳои нав ба мисли Иди ҳосилот ва ғайра пайдо ва пойдор шудаанд.Меҳргон иди ҳосил ва ҳосилот буда, дар баъзе мавридҳо дар давоми сол ба муносибати ин ё он ҷамъбасти маҳсулот, ғуну чини ҳосил гузаронида мешавад. Масалан, иди лола, иди сайру арбузу харбуза, иди каду, иди асал ва ғайраҳо. Дар Осиёи Миёна Наврӯз ҳамчун иди соли нав, иди саршави ва бедор шавии тамоми табиат, сар шавии кишту кори баҳорона бошад, дар таторҳо ба ҳамин мондоқ ид – иди «Сабандӯй» (иди ба охир расидани кишту кор, иди омоч/плуг/ бошукӯҳи шодиёна гузаронида мешавад, ин хил мисолҳоро дар мисоли дигар халқҳои ҷаҳон овардан мумкин. Дар ҳамаи идҳо дар кадом вақти фасли сол нагузаронад, ҳатман дар онҳо меҳру муҳаббат, меҳрибони, меҳргони, дӯстию рафоқат, сулҳу салох, хурсандию хушбахти хукмрони мекунад. Аз ин лиҳоз тамоми идҳо бо меҳргон ҷамъбаст карда мешаваду баъд аз он иди нав сар мешавад. Дар асоси омӯзиши чандин солаи таърихи идҳои қадимаи халқи тоҷик дар байни мардум, дар асоси таҷрибаҳои ҳаёт ва сарчашмаҳои археологию этнографӣ, осорию оморӣ, бо маълумотҳои ахбӣротчиён, сарчашмаҳои таърихию адабӣ, ҷуғровию фолъклори ба ҳамин хулоса омодан мумкин, ки дар хоҷагиҳои кишоварзӣ пеш аз гузоронидани иди ҳосил(меҳргон)и давлати ҳатман дар хоҷагие, ки накшаи солоноро иҷро намудан иди меҳргон гузаронида мешавад бо навбат. Мо он дар мисоли хоҷагиҳои ноҳияҳои Айни, Панҷакент, Кӯҳистони Масчоҳ, Масчоҳ, Зафаробод, Ашт, Конибодом, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Истаравшан, Кӯлоб, Вахш, Бохтар (Қӯрғонтепа), Варзоб, водии Рашт, Бадахшон ва ғайраҳо дидем ва дар онҳо фаъолона ширкат ҳам варзидем. Дар байни корхонаҳои гуногуни саноати ва кишоварзӣ озмунҳо ҳам гузоронида мешавад бахшида ба ҷамъбасти ҳосили сол ва пешқадамон ва ғолибон мукофотида ҳавасманд мегардонад.

«Меҳргони Бузург» - ҷашн, тантанаи бузург, ёки аз сурудҳои мавсимию маросимии қадимии форс – тоҷик, ки онро Борбади Марвӣ эжод намудааст. «МБ» дар байни мардумони Мовароуннаҳру Хуросон аз ҷумлаи беҳтарин сурудҳои ҷашни Меҳргон ба шумор мерафтааст. Гӯшаест дар таркиби «Дувоздаҳмақом».

«Меҳргони Хурд» -ҷашн, тантанаи хурд, Меҳргони хурдак.

1. Аз сурудҳои мавсимию маросимии қадимии форс – тоҷик, ки Борбади Марвӣ барои ҷашнороии Хусрави Парвиз эжод кардааст.

2. Яке аз гӯшаҳост дар таркиби «Дувоздаҳмақом».

3. Шӯъбаест дар таркиби «Понздаҳмақом», ки онро бештар «меҳргони борбадӣ» ва «меҳргони шоҳӣ» меномидаанд.

«Меҳргони» аз оҳангҳои қадим, ки Борбади Марви ба муносибати ҷашни Меҳргон тасниф намудааст

Меҳргон яке аз қадимтарин идҳо, ки миёни қавмьои эронӣ расм шудааст. Меҳргон рӯзи эътидоли тирамоҳӣ оғоз меёбад, ки он ба 16 – уми меҳрмоҳ (моҳи ҳафтуми солшумории шамсӣ), мутобиқ ба 22-30 октябр - Солшумории Григорианӣ рост меояд. Доир ба пайдоиши ҷашни Меҳргон ривоятҳои гуногун мавҷуданд. Бино ба маълумоти Берунӣ Фаридун ба муносибати маҳв намудани Заҳҳок дар кӯҳи Дамованд базме ороста, ба ҷашни Меҳргон асосгузоштааст. Дар замонҳои қадим чунин одат будааст: Дар ҷашни Меҳргон агар касе ба тани худ равғани бон молида, ба наздиконаш гулоб пошад, ҳамеша сиҳату саломат ва сарбаланд мегаштааст. Меҳргон - иди мардуми шарқ - ориёиҳо ҳисобида шуда, дар солҳои истиқлолияти давлати Тоҷикистон мазмун ва моҳияти навро гирифта, ҳамчун иди умумихалқию байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

Сафар Эркаев, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ