​Бузургонро бузургон зинда медоранд!

Нақши фарди алоҳида дар таъриху ҳаёти ҷомеа дар алоқамандӣ бо андозаи хизмату заҳматҳоифидокорона мақому манзалати муайянро соҳиб мегардад. Мафкураи васею хирадмандиву оқилии фарди дигар бошад барои қадрдонии заҳматҳои дигарон замина мегардад. Яъне танҳо шахсиятҳои оқилу доно, дурандешӣ бофарҳанг метавонанд заҳмати шахсиятҳои дигарро воқеъбинона таҳлилу баҳодиҳӣ намоянд.

Дар ин радиф метавон ҳикмати халқиро ба хотир овард, ки “қадри зар заргар бидонад”. Иқдоми пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташаккули руҳияи худогоҳию меҳанпарастӣ, ватанпарастию садоқат ба сарзамини аҷдодӣ ва дигар арзишҳои миллӣ пойдевори мустаҳками Истиқлолияти давлатӣ мебошад ва пайваста рушду нумӯъ меёбад. Тарҷумаи китоби муқаддаси дини мубини Ислом –Қуръони карим ба забони тоҷикӣ ва чопи он бо алифбои ба ҳама дастраси кириллӣ, паҳн намудани он байни аҳолии кишвар бо тариқи ройгон заминаи болоравии фарҳангу диншиносии ҷомеа гардидааст, ки арҷу савоби ин иқдом Ватани маҳбубамонро пойдору устувор гардонидааст. Ин ҳамаи амалҳои шоистаи Пешвои муаззами миллатро дар дастрас намудани шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров –“Тоҷикон” ба ҳар хонаводаи кишвар мебошад, ки иқдоми бузургу нотакрори ин абармарди тавоно мебошад.

Маҳз, таълифи “Тоҷикон” аз ҷониби академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси манобеъи боэътимоди таърихӣ ба ҷаҳониён, хусусан тоифаи ғараздорон исбот намуд, ки миллати тоҷик фарҳангсолору тамаддунсози қадима мебошаду мансуби ориёнтабор аст. Ҳамаи далелҳои дар ин шоҳасар оварда аз ҷониби олимону муаррихони ҷаҳонӣ шинохтаву эътироф гардидааст ва ниёз ба исботи иловагӣ надорад. Аз ин лиҳоз, дастрасии шоҳасар баҳар хонавода боиси фараҳмандӣ аз ниёкони худ ва огоҳӣ аз воқеият мебошаду он дар ташаккули руҳияи хештаншиносӣмавқеи беназирро дорост. Шарофати иқдоми инсондӯстонаи Пешвои муътабарамон ҳамаи қишрҳои ҷомеаи кишвар аз заҳмату талошҳои Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар ҷодаи асоснокии илмии қадима будани миллат, талошҳои дарбориву зиддиятҳои синфӣ дар давраҳои гуногуни таърихи ҷомеа огаҳӣ меёбанд, ки барои болоравии худшиносиии миллӣ мавқеи сазовори ҳалкунанда дорад. Месазад, ки алҳол бо нерӯи созанда хонишу васеъи “Тоҷикон”-ро дар синфхонаҳо, оилаҳо, маҳаллаву, корхонаҳо ташкил карда шаванду мутахассисони барҷастаи илми таърихнигорӣ мӯҳтавои ин шоҳасарро ба мардум амиқу дастрас фаҳмонанд.

Тамаддунофариву фарҳангсолории миллати тоҷикро шаҳодати воқеӣ ҳикматҳои оқилонаи он мебошад. Ҳикмати “бузургонробузургон зинда медоранд”тавассути бузургдошти аллома Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби сиёсатмадори маъруфу дурандеш, хирадманду оқил, нобиғаи замон Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ - Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар исбот гардида, бар ҳархонаводаи Тоқикистони азиз файзу баракоти навро пайдо намуд. Мебояд ҳар як соҳибватан аз ин тӯҳфаи муборак бо ақлу идроки арзанда истифода бараду аз манфиатҳо баҳравар гардад. Кӯшад, ки ҳамеша ин шоҳасари безавол китоби рӯи мизӣ ва ифтихори доимии мо бошад.

М.С.Собиров - дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Боҷон Ғафуров”, номзади илмҳои кишоварзӣ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ